Мурч

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мурч
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Piper nigrum L.

Мурч, мурчи сиёҳ, фулфул, филфил (лот. Píper nígrum) — буттаест, ки пояи борики печанда дорад (дарозиаш то 12 м).

Тавсифоти ботаникӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Тасвири биологӣ аз китоби «Köhler’s Medizinal-Pflanzen», 1887

Баргаш байзашакли думчадор, хӯшагулаш саракмонанд (дарозиаш 5 – 10 см), гулаш майдаи сафед ё зардтоб; аз вазиши бод гардолуд мешавад. Мевааш доначаи яктухма (диаметраш 3 – 5 мм), тунди сабз, баъди пухтан сурх мешавад.

Истифодабарӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Мурчро дар нимхомӣ меғундоранд; баъди хушконидан ранги сиёҳ мегирад. Мурч аз тухм ё кӯчат зиёд карда мешавад. Ниҳоли мурч баъди 3 – 4 соли кишт ва баъди 5 – 6 моҳи кӯчат гул мекунад. Мевааш баъди 8 – 10 моҳ мепазад. Аз ҳар бех рустанӣ 0,6 – 1,5 кг ҳосил меғундоранд. Тундии мурч ба миқдори пиперин (5 – 9%), бӯяш ба равғани эфир (0,9 – 2,5%) вобаста аст. Он инчунин 1 – 2% зифт, 6 – 12% равған ва оҳар дорад. Мурчро замонҳои пеш ба Тоҷикистон аз Ҳиндустон меоварданд.

Хосияти шифоӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Мурч дар тиб ҳамчун воситаи иштиҳоовар ва ҳозим истифода мешавад. Он ҷузъи таркибии баъзе доруҳо низ мебошад. Табибон мурчро давои ангина, сурфа, бронхит, сусткамарӣ, баъзе бемориҳои пӯст, санги гурда, радикулит, остеохондроз, дарди буғумҳо, аденома, рехтани мӯй ва ғ. меҳисобанд. Агар як қошуқ мурчро дар як истакон асал омехта, рӯзе 3 – 4 маротиба якчумчагӣ биошоманд, ба ангина ва сулфаи тар даво мебахшидааст. Агар як қошуқ мурчи кӯфта ва як қошуқ шакарро омехта карда, 0,5 қошуқчаи онро ба як истакон шир андохта биёшоманд, боҳро тақвият мебахшидааст. Мурчро бихӯранд, балғамро меканад, меъда, ҷигар ва аъзои ҳозимаро қувват мебахшад, иштиҳо меоварад, оруғи туршро дафъ мекунад. Мурчи куфтаро бо чарбии мурғ ва орди боқилою нахӯд сиришта гузошта банданд, бемории барас (песӣ)-ро даво месозад. Агар ба як истакон равғани зайтун як қошуқ мурчи кӯфта андохта, дар оташи паст 5 – 10 дақиқа ҷӯшонанд ва баъди хунук шудану полондан онро ба узви дардманд моланд, бемории радикулит, остеохондроз, сӯзиши банду буғумҳо, неврити асаби рӯй ва фалаҷро нафъ мекардааст. Истеъмоли мурч одамони гарммизоҷро дарди сар медиҳад. Дар мавриди камхунӣ, бемориҳои аллергӣ, реши меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта истифодаи мурч зиён дорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]