Jump to content

Мурғи султонии хонагӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мурғи султонии хонагӣ
Табақабандии илмӣ
ХАТО: параметри latin пур нашудааст.
Номи байнулмилалии илмӣ
ОГОҲӢ ДАР БОРАИ ХАТО
Параметри latin пур нашудааст

Мурғи султонии хонагӣ — яке аз анвоъи мурғони хонагӣ.

Мурғи султонии хонагӣ аз мурғи султонии муқаррарӣ (Numida meleagris), ки дар Африқоии Ғарбӣ зиндагӣ мекунад, пайдо шудааст. Бори аввал дар Юнони Қадим ва Рим хонагӣ кардаанд. Танаи мурғи султонии хонагӣ дароз, сараш қариб бепар, тоҷаш сурхтоб (бунаш устухонӣ), дар болои нӯли чангакмонандаш пардахалтаи бунафшранги овоз дорад. Болаш мудаввар, думаш кутоҳи ба поён хамида, кафи пояш барҷаста, бе пих, хокистарранг ё гулобӣ. Па­раш ашҳабӣ, кабуд, сафед, чипор мешавад. Пари чӯҷааш одатан қаҳваранг. Мурғи султонӣ хуб давида ё парвоз карда метавоиад. Мурғи султони болиғ ба хунукӣ тобовар аст ва ба шароити маҳал нағз мутобиқ мегардад. Мурғи султониро барои истеҳсоли гӯшт парвариш мекунанд. Дар 6—8 моҳ болиғ ва дар хоҷагиҳо 2—3 сол истифода ме­шавад. Дар гала ба 4—6 мокиён як хурӯс мегузоранд. Хурӯсҳои болиғ то 2 килограмм, мокиён 1,8 килограмм, бройлерҳои 70—75-рӯзааш қариб 1 килограмм вазн доранд. Гӯшти мурғи султонии наврас мулоим, хуштаъму серғизост. Соле 70—120 дона тухм медиҳад; тухмаш нокшакл, қаҳваранг (вазни яктоаш 42— 45 грамм), зардиаш серкаротиноид мебошад. Дер мепояд ва қимати ғизоияшро гум намекунад. Дар давоми 28 шаборӯз чӯҷа мебарорад.

Мурғи султонии болиғро дар мурғхона (зимистон) ё дар ҳавои кушод, дар шипангҳои болопӯшида (тобистон), мокиёнҳои тухмдеҳро дар катакҳо ни- гоҳ медоранд. Чӯҷа-бройлерҳои мурғи султониро дар мурғхона ё катак парва­риш кардан мумкин аст. Ба онҳо дар як шаборӯз 3—4 маротиба хӯрок (асосан комбикорм) медиҳанд; хӯрокии сабз, орди алаф, моддаҳои минералӣ, сафеда ва ғайраро низ истифода мебаранд.

Вояи хӯроки мурғи султонӣ (мокиён) бояд 16—18 % протеин ва 3000 килокаллория/килограмм энергияи мубодилавӣ дошта бошад. Вояи хӯроки бройлерҳо аз 45-рӯзагӣ то охири парвариш 20 % протеин ва 3050 килокаллория/килограмм энергияи мубодилавӣ дорад. Мурғи султонӣ нис­бат ба дигар паррандаҳои хоҷагии қишлоқ ба касалиҳои сироятӣ ва навазионӣ бештар тобовар аст. Барои онҳо аз ҳама бисёртар трихомонез, тоун, гетераксидоз хавфнок аст.