Jump to content

Мусофиршо Маликов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мусофиршо Маликов
Таърихи таваллуд: 17 март 1934(1934-03-17)
Таърихи даргузашт: 26 июн 1992(1992-06-26)
Касб: ҳунарпешаи театр

Мусофиршо Маликов (17.03.1934, Хоруғ, ВМКБ — 26.06.1992, ҳамон ҷо) — ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1965), Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1986)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1954 Инсти­тути театрӣ- бадеии ба номи А. Островскийи ш. Тошкандро ба охир ра­сон­да, дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Хоруғ ба сифати актёр фаъолия­ташро шурӯъ намуд ва беш аз се даҳсола рӯи саҳнааш ҳунар озмуд. Хоса нақшҳои драмавиро бо эҳсосоти баланд мебозид. «Найрангҳои Май­сара», «Нисо», «Соати бурҷи Кремл», «Барқия ба В. И. Ленин», «Ситораи умед», «Қиш­лоқи тилоӣ», «Нидои суханвар», «Ҷои сердаромад» наму­нае аз қариб панҷоҳ спектакланд, ки дар онҳо нақши марказӣ иҷро кардааст. Ба ҳайси коргардон «Дуртар аз сарҳад», «Муҳаббат ва адо­ват», «Зафар», «Эй ҷавонӣ, ҷавонӣ» барин намоишномаҳоро таҳия намуда­аст. Маҳорати хуби навозандагӣ дошт ва «Рубоби ман», «Ба ком­сомол», «Ленинободам», «Москваи ман» барин сурудҳоро эҷод кардааст.

Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон сарфа­роз гардидааст.

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.