Мустаид (шоир)
Зоҳир
Мустаид (номаш Муҳаммадҷон ё Авазбек будааст; қарни XVII) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Аслан аз тоифаи найманҳо буд, вале ашъораш ба забони тоҷикист. Ба дарбори аштархониён алоқа дошт. Охири асри 17 дар давраи салтанати Субҳонқулихон (1680—1702), ки ҷабру ситами амирон шиддат гирифт, Мустаид мисли бисёр аҳли илму адаб ба Ҳиндустон муҳоҷират кард. Баъдтар ба Хиҷоз рафтанӣ шуд, вале дар роҳ дар баҳр ғарқ гардид. Мустаид соҳиби табъи баланди шоирӣ буда, ашъораш дар Бухоро ва атрофи он шӯҳрат доштааст.
Намунае аз шеъри Мустаид:
Ба ҷони беқароре то ғами ҷонона мебояд,
Дили саргаштаи моро ба кӯяш хона мебояд.
Баро аз олами сурат, бикун, эй чон сабукпоӣ,
Ки соликро дар ин рах, ҳиммати мардона мебояд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мустаид / Х. Самадов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).