Jump to content

Мухлис, Мулломӯсои Бадахшонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мухлис, Мулломӯсои Бадахшонӣ

Мухлис, Мулломӯсои Бадахшонӣ (? — 1891, Бухоро) — шоири тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мухлис дар қарияи Роғи Бадахшон таваллуд ёфта, барои таҳсил ба Бухоро рафтааст. Аз ашъораш бармеояд, ки дар тангдастиву нодорӣ умр ба cap бурдааст. Мухлис аз худ девоне мерос гузоштааст, ки дар он ғазалҳо, мухаммасу мусаддас, қасидаву рубоиҳо, як маснавӣ бо номи «Ишқнома» ҷамъоварӣ шуда, ҳамагӣ аз 8235 байт иборат аст. Мавзӯъ ва мундариҷаи аксари ашъори Мухлисро шикоят аз замона ва ғарибӣ, дурӣ аз ёру диёр, шарҳи аҳволи бад ва зиндагии нохуш ташкил медиҳанд. Macалан:

Ҷаҳон чун чоҳи зулмон гашт бар чисми хақири ман.
Ба ғайр аз ашки нокомӣ кӣ бошад дастгири ман?
Дар ин дашти адоватпеша эҳсон ку, мурувват ку?
Фалак хам рашк дорад аз лаби курси фатари ман…

  • Мухлис / А. Ҳабибов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).