Мухтории Ғазнавӣ
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Мухтории Ғазнавӣ (Ҳаким Баҳоуддин ибни Умар; 1081/82, Ғазна —1118/19, ҳамон ҷо) — шоир ва донишманди форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аввалҳо «Усмон» тахаллус мекард. Мухтории Ғазнавӣ аз илмҳои нуҷум, ҳандаса, риёзиёт, тиб, ҳикмат, ҳадис, фиқҳ, адабиёти араб ва ғайра баҳравар будааст. Ҳарчанд ки бевосита шогирди Масъуди Саъди Салмон набуд, ӯро устоди худ дониста, дар баъзе қасидаҳо васф намудааст. Саноӣ Мухтории Ғазнавиро устоди худ медонад.
Мухтории Fазнавӣ тақрибан дар ҳамаи навъҳои асосии назми классикӣ шеър гуфтааст. Қасидаҳои Мухтории Fазнавӣ асосан дар мадҳи шоҳони ғазнавӣ ва баъзе шоҳзодагони салчуқианд. Мухтории Fазнавӣ дар қасидагӯӣ бештар ба равияи Азрақии Ҳиравӣ, Унсурӣ, Муиззӣ ва Масъуди Саъди Салмон таваҷҷуд дошт. Дар ашъораш аз санъатҳои лафзӣ бештар истифода кардааст. Махсусан, таркиббандҳояш латифу равонанд.
Маснавиҳои «Шаҳриёрнома» ва «Ҳунарномаи Яминӣ» ба қалами Мухтории Fазнавӣ тааллуқ доранд. Дар «Барзунома»-и Ато ибни Яъқуб саргузашти писари Сӯҳроб — набераи Рустам баён гардидааст. «Шаҳриёрнома» ба саргузашти Шаҳриёр — писари Барзу бахшида шуда, давоми мантиқии «Барзунома» аст. Мавзеи амалиёти «Шаҳриёрнома» Ҳиндустон мебошад. Мундариҷаи ғоявии асар ба сиёсати пешгирифтаи Ғазнавиён мувофиқ кунонда шудааст. «Ҳунарномаи Яминӣ» ба яке аз мансабдорони замони шоир Яминуддавла Амир Исмоил бахшида шудааст. Дар ин маснавӣ баъзе нуқтаҳои муҳими тарҷумаи ҳоли Мухтории Ғазнавӣ, ақидаву афкори ӯ баён гардида, инчунин вуқуфи шоирро аз масъалаҳои нуҷум ва фалсафа то андозае маълум мекунанд.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мухтории Ғазнавӣ // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).