Мушаррафа Набиева
Мушаррафа Набиева (тав. 12.12.1937, шаҳри Хуҷанд), омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ (1993), дотсент (1994).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1954 Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Ленинобод, 1966 факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм намудааст. Солҳои 1968–1971 муаллими фанни забони англисии мактаби миёнаи № 65 шаҳри Душанбе, 1971–1975 муаллими фанни забони англисии мактаби миёнаи № 24 шаҳри Ленинобод, 1975–1976 роҳбари клуби «Дӯстии Башардӯстӣ»-и хонаи пионерон ва мактаббачагони ноҳияи марказии шаҳри Душанбе, 1976–1978 ҷонишини директории мактаби миёнаи № 78 ноҳияи марказии шаҳри Душанбе оид ба корҳои тарбиявӣ, 1981–1993 ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи назария ва методикаи корҳои пионерӣ ва комсомолии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1996–1998 ёрдамчии Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1998–2000 эксперти калони фаъолияти давлатии аттестатсионӣ оид ба макотиби олӣ буд. Солҳои 2000–2002 ҳамчун дотсенти кафедраи тарҷума ва услубшиносии факултети забони англисӣ, 2002–2009 дотсенти кафедраи асосҳои идоракунии маорифи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Аз соли 2009 дотсенти кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи донишгоҳи мазкур мебошад. Муаллифи зиёда аз 45 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ аст. Бо нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1990) ва ордени «Шараф» (1999) сарфароз карда шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аҷумани 27-уми КПСС ва проблемаи тарбияи интернатсионалии ҷавонон, Д.,1988;
- Фаъолияти отряди таҷрибаомӯзии педагогӣ ҳамчун маҳаки тарбияи гуманистию ватандӯстӣ дар маҳали зист, Тошкент,1988;
- Н.К.Крупская асосгузори корҳои тарбиявии беруназмактабӣ, Тошкент,1989;
- Тарбияи интернатсионалӣ ва ватандустии мактаббачагон, Тошкент, 1991;
- Проблемаи тарбияи интернатсионалистии наврасон, М., 1991;
- Тоҷикистон аъзои Созмони Милали Муттаҳид, Д.,1996;
- «Бадоеъ-ул-Вақое»-и Зайниддини Восифӣ ҳамчун манбаи бадеӣ ва этнографӣ, Д., 1998.