Jump to content

Мушоҳида

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мушоҳида, мушоҳада (аз арабӣ - ба чашми худ дидан), идроки бомаромест, ки пайваста ба мақсаду вазифаҳои фаъолияти одам сурат мегирад. Мушоҳида таърихан ҳамчун қисми таркибии амалиёти меҳнатӣ инкишоф меёбад, ки ба воситаи он мувофиқати маҳсули меҳнат бо нақшаи идеалии он муқоиса карда мешавад. Баробари мураккаб гардидани воқеияти иҷтимоӣ ва амалиёти меҳнатӣ мушоҳида ба ҷанбаи мустақили фаъолият (мушоҳидаи илмӣ, мушоҳида ҳамчун ҷузъи ҷараёни эҷоди бадеӣ ва ғайраҳо) табдил ёфт. Ба туфайли инкишофи илм мушоҳида беш аз пеш мураккаб гардид.