Муштоқи Исфаҳонӣ
Таърихи таваллуд: | 1689 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1756 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Мир Сайид Алӣ (форсӣ: میر سید علی), мутахаллис ба Муштоқ (форсӣ: مشتاق; 1689, Исфаҳон — 1756, Исфаҳон) — аз шоирони даврони Нодиршоҳи Афшор аст. Вай яке аз асосгузорони давраи бозгашт буд. Ӯ бо сабки ироқӣ шеър менавишт.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зиндагии Муштоқ ҳамзамон бо Озари Бегдилӣ ва Ҳотифи Исфаҳонӣ буд. Соли 1169 ё 1170 ҳиҷрӣ дар Исфаҳон даргузашт.
Намунаи шеър
[вироиш | вироиши манбаъ]Хуш он гурӯҳ, ки дар бар рухи ҷаҳон бастанд,
Зи коинот буриданду бо ту пайвастанд. Ба сирри ишқ куҷо пай баранд аҳли хирад, Магар кунанд фаромӯш ончи донистанд. Махур ба марги шаҳидони куйи ишқ афсӯс, Ки дӯстони ҳақиқӣ ба дӯст пайвастанд. Маҷу талофии бедод аз бутон к-ин қавм, Намак зананд бар он дил, ки аз ҷафо хастанд. Ҷамоате, ки кунанд аз ситам фиғон, Муштоқ, На ошиқанд, ки туҳмат ба хештан бастанд. |
Байте машҳур
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин байти Муштақ хеле машҳур аст:
Расмест куҳан ки шаҳнаи ишқ,
Ҳушёр ба ҷойи маст гирад. |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ گنجور » مشتاق اصفهانی » دیوان اشعار » غزلیات » شمارهٔ ۱۶۳. ganjoor.net. 10 Январ 2023 санҷида шуд.