Муъинуддини Натанзӣ
Таърихи даргузашт: | 1414 |
---|
Муъинуддини Натанзӣ (форсӣ: معین الدین نطنزی[1]; ? — 1414) — таърихнигор, нависанда, шоир ва донишманди форс-тоҷик, муаллифи «Мунтахабу-т-таворих».
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар бораи ҳаёту фаъ- олияти ӯ маълумоти пурра нест. Мувофиқи маълумоти баъзе тазкиранависон, аз ҷумла Давлатшоҳи Самарқандӣ, Муинуддини Натанзӣ аслан аз Систон буда, дар Форс зиндагӣ кардааст. Соли 1413 дар Шероз асари машҳури худ «Мунтахабу-т-таворих»-ро таълиф намуда, ба набераи Темур — Искандар ибни Умаршайх бахшидааст. Дар асар дар бораи таърихи сулолаҳои Чағатоиён, Чобаниён, Инҷуиён, Музаффариён, инчунин вилоятҳои ҷануби Эрон (Шубанҳор, Ҳурмузд, Кирмон, Язд, Луристон) ва Осиёи Миёна маълумоти гуногун гирд оварда шудааст. Нусхаҳои алоҳидаи асар дар китобхонаҳои Теҳрон, Порис ва Санкт-Петербург маҳфузанд[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ معینالدین نطنزی(форсӣ). vista.ir. 22 апрели 2024 санҷида шуд.
- ↑ Муинуддини Натанзӣ / X. Муродов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Стори Ч. А., Персидская литература. Биобиблиографический обзор, том 1, Москва, 1972.