Jump to content

Муъминҷон Абдуллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муъминҷон Абдуллоев
Муъминҷон Абдуллоев
Таърихи таваллуд 20 апрел 1957(1957-04-20) (67 сол)
Зодгоҳ Самарқанд
Дараҷаи илмӣ: номзади илм

Муъминҷон Маҳмудҷонович Абдуллоев — омӯзгор - кимиёгар, муҳандис - металлург, номзади илмҳои техникӣ (2000). Аълочии маорифи ҶТ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муъминҷон Маҳмудҷонович Абдуллоев 20 апрели 1957 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултети кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1980) ва факултети металлургияи Институти политехникии Қазоқистон (1989). Сармуҳандиси Институти кимиёи АИ ҶТ (1980-1983), электролизчӣ, устои баст, устои калон, технолог, муовини сардори сехи электролизи КВД «ШАТ» (1983-1993), муовини директор, директори Коллеҷи металлургии Турсунзода (1993-2008), мудири шуъбаи маорифи ш.Турсунзода (2008-2009), директори литсейи президентии ш.Турсунзода (2009- 2010), директори Коллеҷи металлургии Турсунзода (аз с. 2010 инҷониб). Ӯ Аълочии маорифи ҶТ буда, бо ифтихорномаҳои давлатӣ мукофотонида шудааст.[1]

  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 79