Jump to content

Муҳаммадалии Мусаввир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммадалии Мусаввир

Муҳаммадалии Мусаввир (қарни XVI — қарни XVII) — мусаввир ва хаттоти форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш Кошон. Санъати наққошӣ, сураткашӣ, ҳалкорию ҷадвалкаширо аз Абдуосамади Шерозӣ омӯхтааст. Инчунин дар санъати хаттотӣ ном бароварда, ба шаҳрҳои Исфаҳон, Шероз, Табрез рафта, бо тазйину тазҳиби девон машғул шуд. Пас ба Ҳирот ва аз он ҷо ба Китобхонаи Наввоби Машҳад рафта, то охири умр котибӣ кард. Як нусхаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва девони Шайх Аттор аз намунаҳои беҳтарини амали Муҳаммад Мусаввир аст.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Муҳаммадалии Мусаввир / А. Раҷабов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).