Jump to content

Муҳаммадобид Мумтоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммадобид Мумтоз

Муҳаммадобид ибни Муҳаммадаобиди Мумтоз (қарни XVII) — шоир ва хаттоти форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз оилаи ҳунарманд. Дар Самарқанд касби камол карда, дар шеъру шоирӣ шогирди Бадеи Ҷамолистонӣ (Самарқандӣ) будааст. Ба таъкиди Тоҳири Насрободӣ дар фанни шеър аз устодаш бештар шӯҳрат доштааст. Мумтоз мувофиқи маълумоти Малеҳо шоири соҳибдевон будааст, вале девонаш то ба ҳол пайдо нест. Намунаҳои ашъори ӯ, ки асосан aз ғазал ва рубоӣ иборатанд, дар маҷмӯаву баёзҳои асрҳои 17 ва 18 дучор мешаванд. Дар ашъори Мумтоз зимни мавзӯъҳои анъанавй баъзе андешаҳои ахлоқию иҷтимоӣ ифода ёфтаанд. Аз намунаҳои эҷодиёти боқамондаи шоир бармеояд, ки ӯ нисбат ба воқеияти замон ва аҳли давлату сарват назари танқидӣ доштааст. Лирикаи Мумтоз саршори фараҳу ҳаётдӯстист. Забони асарҳои Мумтоз соддаву фаҳмост ва бисёр таъбиру таркибҳои нав дорад. Мумтоз хаттоти моҳир низ буда, дар давраи қаҳтию гуруснагӣ (нимаи дуюми асри 17) аз пешаи хаттотӣ рӯз мегузарондааст.

  • Мумтоз / Ҳ. Самадов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).
  • Мирзоев А., Сайидо Насафи и его место в истории таджикской ли­тературы, Сталинабад, 1954.