Муҳаммадсолеҳи Кашфӣ
Зоҳир
Муҳаммадсолеҳи Кашфӣ (? — 1644) — муншӣ, хаттот ва шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Писари Мирабдуллоҳи Тирмизии Мушкинқалам. Дар аҳди Шоҳиҷаҳон дар Ҳиндустон зистааст. Шоҳиҷаҳон ӯро ба аморати яке аз вилоятҳо серфароз гардонидааст. Муҳаммадсолеҳи Кашфӣ ғайр аз хаттотӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва ҳиндӣ шеър эҷод мекард. Ба тоҷикӣ Кашфӣ, ба ҳиндӣ Субҳонӣ тахаллус дошт. Намунаи ашъораш дар баёзҳо вомехӯрад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Муҳаммадсолеҳи Кашфӣ / А. Нуров // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).