Jump to content

Муҳаммадҷон Масаидов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммадҷон Масаидов
Масаидов Муҳаммадҷон Мадалиев
1929 — 1930
Пешгузашта Нисор Муҳаммад
Ҷонишин Нисор Муҳаммад

Таваллуд 1901
Даргузашт 20 октябр 1938(1938-10-20)
Таҳсилот

Муҳаммадҷон Мадалиевич Масаидов (1901, Хуҷанд — 20 октябри 1938[1]) — рӯшанфикри тоҷик, арбоби давлатӣ, собиқадори маориф ва фарҳанги Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳаммадҷон Масаидов дар соли 1901 дар хонаводаи тоҷик ба дунё омадааст. Фориғуттаҳсили мадрасаи сесолаи русӣ-бумии Хуҷанд (1917)[2]. Аз соли 1919 узви ҲК буд.

Муҳаммадҷон Масаидов кори худро дар сол 1917 ба унвони нигаҳбон дар Хуҷанд оғоз кард. Дар соли 1922—1926 ба унвони котиби Угоркоми комсомол, Угоркоми ҳизб дар Хуҷанд, дар 1926—1928 котиби иҷроияи кумитаи минтақаии ҳизб дар Сурхондарёи ҶШС Узбакистон, муовини раиси шуъбаи сиёсии бригадаи узбакистонии Артиши Сурх дар Самарқанд, 1929—1930 комиссари халқии маорифи ҶШС Тоҷикистон, 1930 котиби масъули кумитаи минтақии ҳизбии Кӯлоб, 1931 раиси Шӯрои олии иқтисоди миллии ҶШС Тоҷикистон ва дар солҳои 1931—1934 донишҷӯи Промакадемияи Маскав, 1934—1936 комиссари қалқии саноати маҳаллии ҶШС Тоҷикистон 1936—1937 комиссари халқии саноати сабуки ҶШС Тоҷикистон буд[2].

  1. Сталинские расстрельные списки по Таджикской ССР.(рус.). pomnirod.ru. Мое Семейное Древо. 21 июни 2022 санҷида шуд.
  2. 2.0 2.1 МАСАИДОВ Мухамеджан Мадалиевич. centrasia.org. ЦентрАзия. 22 июли 2022 санҷида шуд.