Муҳаммадӣ Ҳамроев
Муҳаммадӣ Ҳамроев (10.09.1925, деҳаи Қашкабулоқи н. Ваҳдат), доктори илми таърих (1973), профессор (1976), Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1994).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1942-1945 дар набардгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок дошта, 1946-1947 мудири қисми илмӣ ва директори мактаби ҳафтсола дар н. Ваҳдат, 1947-1951 донишҷӯи факултаи таърихи ИДПД (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ), 1951-1955 аспиранти ҳамин донишкада, 1955-1957 муаллими калони кафедраи таърихи Институти педагогии шаҳри Термиз (Узбекистон), 1957-1960 мудири кафедраи марсизм-ленинизми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дарс додааст, 1961-1979 досенти кафедраи таърихи КПСС-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, 1979-1989 профессори кафедраи комунизми илмии ИДПД буд. Аз соли 1990 дар Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа аз таърихи Тоҷикистон дарс медиҳад. Доманаи пажӯҳишаш таърихи охири асри XIX ва аввали асри ХХ-ихалқитоҷик, дигаргуниҳои иқтисодию иҷтимоии даврони шӯравӣ, хоса равнақи ирригатсия ва ғайраро фаро мегирад. Бо ордени Ситораи Сурх ва медалҳо қадр ёфтааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Очерки истории Хисарского бекства конца XIX и начала ХХвв. –Сталинабад, 1959;
- К вопросу о феодальных отношениях в Хисарском бекстве Бухарского ханства в конце XIX начале ХХ вв. –Сталинабад, 1959;
- Деятельность Коммунистической партии по развитию ирригации в Таджикистане (1924-1938). – Д., 1972;
- Деятелность Компартии Таджикистана поразвитию ирригации в республике (1924-1941 гг): Дисс… доктора истор. наук. – М., 1972;
- Развитие ирригации Советского Таджикистана в период упрочения социализма. – Д., 1975;
- Таърихи обёрии водии Вахш (1930-1990). – Д., 2003.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – 728 с.