Jump to content

Муҳаммад Холиқ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммад Холиқ

Муҳаммад Холиқов
ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ,шоир

Ном ҳангоми таваллуд Муҳаммад Холиқов

Муҳаммад Холиқ — шоир, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2002).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳаммад Холиқ бахши форсии факултаи шарқшиносии УДТ ба номи В. И. Ленинро хатм намудааст (1971). Ассис. каф. фал. ИПД ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло – ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 1971-72). Лектори шуъбаи тарғибу таблиғу ташвиқи КМ ЛКСМ Тоҷикистон (1972-73), корм. калони илмии ИТИИПТ (1973-74), инструктори корҳои мад. оммавии Ком. ҷум.-явии Иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии қишлоқ ва маҳсулоттайёркунӣ (1974-1976), инспектори калони Шӯрои намояндагии дину оини Совети Вазирони СССР дар Тоҷикистон (1976-1981), тарҷ. гурӯҳи мушовирон дар РДА (1981-1985), муҳаррири гурӯҳи нашру таҳрири Мудирияти Корҳои Совети Вазирони Тоҷикистон, (1985 - 1988), референти калони Котиботи Мудирияти Кумитаи давлатии агросаноатии Тоҷикистон (1988), ёвари Раиси Совети Вазирони ҶТ (1990), ёвари Раиси Шӯрои Олии ҶТ (1990 - 1992), мудири Дафтардории Раиси Шӯрои Олӣ ва муовинони раиси Шӯрои Олии ҶТ (1992-93), муовини директори генералии Биржаи агросаноатии «Шамъ» оид ба масъалаҳои равобити иқтисодии хориҷӣ (1993-2000), сармутахассиси Раёсати робитаҳо бо кишварҳои ИДМ оид ба муносибатҳои дутарафаи Вазорати иқтисод ва савдои ҶТ (2001-03), референт-тарҷумони Шуъбаи ташкилӣ ва равобити байналмилалии Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон (2003-2004), ёвари Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон (2004-08), мушовир оид ба лоиҳаҳои Иттиҳодияи ҷамъиятии «Рӯё» (2009-10), сармутах. Шуъбаи экспертизаи забоншиносӣ Комитети забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ (2010-12). Аз с. 2012 – мушовири ТҶ «Рӯё».[1]

Муаллифи маҷмӯаи ашъори «Навқадам» (1990), «Накҳати сипанд» (1998), «Таҳорати дарё» (2007), «Меҳвари имон» (2007), «Чашми садо» (2012).[2]

  1. Ҷашни 70 — солагӣ муборак!(пайванди дастнорас)
  2. Аслҳо ва наслҳо. - Душанбе, 2013. – С. 134.