Муҳаммад Ширин Мағрибӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Мулло Муҳаммад Ширин Мағрибӣ аз шоирони намоёни мутасаввифи асри XlV буда дар Ноҳини Исфаҳон зоида шудааст. Вале бештар умри худро дар Табрез гузаронда бо Камоли Хуҷандӣ дӯстӣ доштааст. Ӯ соли 1405 ё 1407 (807 ё 809 ҳиҷрӣ) вафот кардааст. Кабраш дар Истаҳбоноти Форс аст.

Тарҷумаи ҳол[вироиш]

Магриби аз худ девони комиле боки гузоштааст, ки дар он ашьори ба ду забон (араби ва форси) сурудаи у чой дода шудаанд Девони шоир соли 1336 х. дар Техрон ба чоп расидааст, ки асосан касидаву газал, тарҷеот ва рубоиро фаро мегирад. Мавзӯи асосии ашъори Мағрибӣ баёни тасаввуфи орифона буда, ҳолатҳои рӯҳонӣ ва бозҷустҳои шоирро фаро мегиранд. Аз мазмуни ғазалиёти шоир бармеояд, ки ӯ яке аз соликони роҳи ҳақ ва толибони ишқи Худованд буда, дар ин ҷода тавассути риёзат кашидан ва буридан аз тааллуқоти дунёӣ ба кашфи шуҳуд муяссар гардидааст.


Хуррамтарабу нишоту айшоғозам,
Худро ба хароботи муғон андозам,
З-он ҷо ба қиморхона роҳе созам,
То ҳар чӣ маро ҳаст ба кул дарбозам.

Дар истилоҳи сӯфия май, бода, шароб ба маънии ишқи Худованд меояд, ки дар натиҷаи баҳравар гаштан аз он солики роҳи ҳақ масти ишқу ҷамоли маъшуқ, яъне Худованд мегардад. Дар ашъори Мағрибӣ истилоҳоти сӯфия зиёда ба кор рафта, дар баёни холатҳои руҳонии шоир хизмат кардаанд. Масалан, дар ғазали зер ин матлаб ба рӯшанӣ пайдост:

Май хадисе аз лаби соки ривоят мекунад,
Бо дил аз сармастии чашмаш хикоят мекунад.
Аз хадиси мастии чашмаш дилам сармаст шуд,
Киссаи мастон магар то чун сироят мекунад?
Дар бидоят дошт чонам мастие аз чоми пеш,
Дар нихоят з-он сабаб майли бидоят мекунад.
Дасти зулфаш гашт дар торочи мулку чони зор,
Ин татовул бин, ки дар шахру вилоят мекунад.
Шукрхо дорад дилам аз лаьли шаккарбори у,
Гарчи аз зулфи парешонаш хикоят мекунад.
Хотири шуридагони зулфи у аз гамзааш,
Гох бархам мезанад, гохе риоят мекунад.
Чашми масти дилнавозаш бин, ки дар мастии хеш
Чониби дилро риоят то чи гоят мекунад?
Он кифоят бин, ки пеши хидмати чонон ба сидк
Хар ки якдил мебарад сад чон фидоят мекунад.
Хар касе доранд аз бахри химоят ҳомие
Магрибиро чашми масташ, бин, ҳимоят мекунад.

Марди ориф ҳамеша баҳри озодии фикр ва истиқлоли афкор аз тамоми тааллуқоти дунёӣ раҳоӣ ёфтаву гирифтори банди зулфи маъшуқ овораву саргардон аст. Ба ҷуз ишқи маҳбуб ва гами ӯ дар ёду хаёли ошиқ чизе нест. Ворастагиву озодагӣ барои орифи ҳақҷӯ аз тамоми сарвату неъмати дуне бартар аст:

Аз хонақоҳу савмааву мадраса растем,
Дар кӯйи муғон бо маю маъшуқа нишастем.
Саҷҷодаву тасбеҳ ба як сӯй фикандем,
Дар хидмати тарсобача зуннор бибастем.
Дар мастабае хирқаи номус даридем
Дар майкадаҳо тавбаи солус шикастем.
Аз донаи тасбеҳи шумурда бираҳидем,
В-аз доми салоҳу вараи зӯҳд биҷастем.
Дар куйи муғон нест шудем аз сари мастӣ,
Чун нест шудем, аз ҳама ҳастӣ, ҳама ҳастем.
Мо масту харобему талабгори шаробем,
Бо он ки чу мастему харобему чу пастем.
З-ин пас маталаб ҳеҷ зи мо донишу фарҳанг,
Эй оқили ҳушёр, ки мо ошиқи мастем.
Алминнаталиллаҳ, ки аз он нафсфиристе,
Растем ба кулливу кунун порапарастем.
То Мағрибӣ аз маҷлиси мо рахт ба дар бурд,
Ӯ буд ҳиҷоби раҳу то рафт бирастем.
Санамо, ҳар нафасе бар гузарат мебинам,
Бар дилу дидаву ҷон ҷилвагарат мебинам.
Гарчи сад бор кунӣ ҷилва маро ҳар нафасе,
Лек ҳар лаҳза ба ҳусни дигарат мебинам.
Гоҳ аз боди сабо бӯйи хушат мешунавам,
Гоҳ ҳамроҳи насими саҳарат мебинам.
Гарчи аз манзили худ ҳеҷ бурун мен-оӣ,
Лек пайваста чу моҳ дар сафарат мебинам.
Доим аз ғояти пайдоии худ пинҳонӣ,
Гарчи тобандатар аз моҳу хурат мебинам.
Туӣ нури басарам, гарчи ниҳон аз басарӣ,
З-он ки дар дида чу нури басарат мебинам.
Ғоб аз дидаи моӣ ту ба сад кисвати хуб,
Ҳар замоне гузарон бар назарат мебинам.
Мағрибӣ аз малаку аз фалакат болотар,
Гарчи доим ба либоси башарат мебинам.