Муҳаммад ибни Абубакри Самарқандӣ
Муҳаммад ибни Абубакри Самарқандӣ | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Вироиши Викидода |
Муҳаммад ибни Абубакри Самарқандӣ (форсӣ: محمد بن ابوبکر سمرقندی; ? — 1197, Самарқанд) — фақеҳ, ҳуқуқдон ва нависандаи форс-тоҷик, муаллифи «Шариъату-л-ислом ила-л-дору-с-салом».
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Доир ба ҷараёни зиндагиаш маълумотҳо каманд. Сарчашмаҳои дастрас хабар медиҳанд, ки давраи бачагии Муҳаммад дар Самарқанд гузаштааст. Сипас дар Бухоро таҳсил мекунад. Аксар илмҳои расмии замонашро аз бар намуда, хеле машҳур мегардад ва ҳамчун яке аз намояндагони маданияту маърифати Осиёи Миёна ва Хуросон шинохта мешаванд. Баъзан ба Муҳаммад нисбати Самарқандӣ, Бухороӣ, Шарқӣ, Қумӣ ҳам медиҳанд, зеро дар ин ҷойҳо зиндагӣ ва эҷод кардааст.
Мероси илмии Муҳаммад аз «Шаръату-л-ислом ило дору-с-салом» («Дине, ки ба хонаи (ҷаннат) саломатӣ мебарад») ба забони арабӣ (соли таълифаш маълум нест) ва «Ҳидоя» иборат аст. Ин асарҳо масъалаҳои мухталифи дину шариат, қонуну қоидаҳои зиндагӣ, оиладорӣ, муносибат дар оила, муносибати фарзандон ба аҳли байт ва падару модар, худидоракунӣ ва ғайраро дар бар мегиранд. Сарфи назар аз характери динӣ ва синфӣ доштанаш мероси Муҳаммад барои таҳқиқу тадқиқ ва равшан намудани баъзе масъалаҳои таърихи қонуншиносии илмии тоҷик аз аҳамият холӣ нест.
Асарҳои Муҳаммад дар захираи дастнависҳои Институти шарқшиносии АИ Узбакистон (рақ. 2459/1, 3735/1, 5588, 4803 (IV) маҳфузанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Муҳаммад ибни Абубакри Самарқандӣ / У. Назиров // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- تراحم عبر التاريخ. إمام زاده (محمد بن أبي بكر المفتي بن إبراهيم الجرغي ركن الإسلام أبي المحاسن)(ар.). tarajm.com. 6 марти 2024 санҷида шуд.