Муҳаммад ибни Алии Шабонкораӣ
Таърихи даргузашт: | 1358 |
---|---|
Навъи фаъолият: | шоир, муаррих |
Муҳаммад ибни Алии Шабонкораӣ (форсӣ: محمد بن علی شبانکارهای; 1298, Шабонкора — ?) — таърихнигор, нависанда ва донишманди форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хидмати Хоҷа Риёсуддини писари Рашидуддини Фазлуллоҳро адо мекард. Қасоиди мадҳие ба ӯ бахшидааст. Соли 1333 ба таълифи китоби таърихи башар сар кард. Онро соли 1335 анҷом дода ба Риёсуддин пешкаш кард, то ӯ онро ба Абӯсаид — подшоҳи муғул бирасонад, вале Абӯсаид вафот кард ва китоби Муҳаммад ибни Алӣ дар натираи задухурде аз байн рафт. Муҳаммад ибни Алӣ китобро аз нав таълиф кард ва онро «Маҷмаъ-ул-ансоб» номид. Ин асар таърихи умумист, ки воқеоти то охири подшоҳии Абусаид рӯйдодаро дар бар мегирад. Маълумоти дар бораи баъзе силсилаҳои подшоҳӣ овардан Муҳаммад ибни Алӣ дар таърихҳои дигар ба назар намерасанд. Аз ин китоб ду таҳрир — яке нусхаи ҳаҷман хурд ва дигар нухсаи комилтар то замони мо расидааст, ки дар Ленинград ва инчунин китобхонаҳои Бодлеану Кембриҷ (Алглия) маҳфузанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Муҳаммад ибни Алӣ // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).