Муҳаммад ибни Маҳмуди Исфаҳонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммад ибни Маҳмуди Исфаҳонӣ

Муҳаммад ибни Маҳмуди Исфаҳонӣ (форсӣ: محمد بن محمود اصفهانی‎; ? — қарни XIV) — меъмор, хаттот, наққош, чеҳранигор ва донишманди форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳаммад аз овони ҷавонӣ ба ҳунари хаттотӣ, ҷадвалкашӣ ва наққошӣ шавқ пайдо намуда, барои такмили ҳунар ба Шероз рафт. Муҳаммад дар ҳаттотию наққошӣ шӯҳрати тамом дошт ва ороишу китобати ду нусхаи девонҳои Саъдӣ ва Ҳофиз ба қалами ӯ мансуб аст (ҳоло дар Нигористони Бодлйён). Муҳаммад баробари хаттотӣ ва мусаввирӣ чун меъмор ва бинокори забардаст низ шӯҳрат дошт. Темур баъди забт кардани Исфаҳон ӯро дар катори дигар санъаткорон ба Самар­қанд овард. Муҳаммад дар Самарқанд ба ҳаттотону наққошон ва меъморон сарварӣ мекард. Аз намунаҳои барҷастаи ҳунари Муҳаммад ороиши Гӯри Мир, сохтмону ороиши ансамбли хонақоҳ ва мадрасаи Муҳаммадсултон (тақрибан 1404) дар Самарқанд буда, дар он намунаҳои олии санъатҳои наққошӣ, хатто­тӣ ва амалӣ истифода шудааст. Махсусан, катибаҳои ин ёдгориҳо хеле ҷо­либ буда, онҳоро Муҳаммад ба ҷо овардааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Муҳаммад ибни Маҳмуди Исфаҳонӣ / А. Раҷабов // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).