Аҳмади Тӯcӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҳмади Тӯcӣ
Таърихи таваллуд 1177
Кишвар

Муҳаммад ибни Маҳмуд ибни Аҳмади Тӯсӣ (форсӣ: محمد بن محمود بن احمد طوسی‎) — нависанда, таърихнигор, ҷуғрофиёдон ва донишманди форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳмади Тӯсӣ дар замони Туғрули дувум (охирин фармонравои салҷуқии Ироқ ва Курдистон; 1177—1194 мелодӣ) зиндагӣ мекардааст. Ӯ аз онҷо, ки зодаи Ҳамадон будааст дар бархе манобеъ ӯро ба номи Муҳаммад ибни Маҳмудӣ Ҳамадонӣ хондаанд. Аммо ғолибан ӯро ба асолати падарбузургаш Тӯcӣ мехонанд. Ӯ худ дар шарҳи шаҳри Ҳамадон дар китоби «Аҷоибу-л-махлуқот ва ғароибу-лмавҷудот» ба ин мавзӯъ ишора карда ва мегӯяд:

Падари ман наздик ба сад сол умр кард ва гуфт ҳеч гоҳ ба ёд надорам Ҳамадон холӣ аз мулук буда бошад, магар ба фасли замистон.

Дар соли 1160 мелодӣ «Аҷоибу-л-махлуқот ва ғароибу-лмавҷудот»-ро ба забони форсӣ навишт. Дар ибтидо танҳо нусхаи мавҷуди «Аҷоибу-л-махлуқот ва ғароибу-л-мавҷудот» (нусхаҳои форсии Гуто, 35) шаш нақшаи бисёр ношёна аз дарёи Хазар, дарёи Мидитарона, Ҷибол, Синд, дарёи Араб ва Арабистон вуҷуд дорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Сортун, Ҷорҷ. Муқаддима бар таърихи илм. Тарҷумаи Ғуломҳусйн Садрии Афшор. Интишороти илмӣ ва фарҳангӣ.