Jump to content

Аҷоибу-л-махлуқот

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҷоибу-л-махлуқот

«Аҷоибу-л-махлуқот ва ғароибу-л-мавҷудот» (ар. عجائب المخلوقات و غرائب الموجودات‎) або номҳои дигар Аҷоибнома (форсӣ: عجایب‌نامه‎) ва Ҷоми гетинмой (форсӣ: جام گیتی‌نمای‎) — китобест ба забон форсӣ навиштаи Муҳаммад ибни Маҳмуд ибни Аҳмади Тӯcӣ. Муаллиф ин асарро миён солҳои 551—562 қамарӣ ба номи Туғрулшоҳи Алпарслони салҷуқӣ навишт.

Аз 10 рукн ва ҳар рукн аз боб ва фаслҳо иборат аст. Аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва муҳтавиёт «Аҷоибу-л-махлуқот ва ғароибу-л-мавҷудот»-ро ба се бахш ҷудо метавон кард:

  1. ривояту қиссаҳо доир ба пайғамбарон, ҳокимону шахсони таърихӣ, сайёҳону олимон;
  2. ҳикоятҳои таърихию этнографӣ, қиссаҳову латифаҳои бостонӣ;
  3. маълумоти таърихию ҷуғрофиёӣ, ки қисми бештари асарро ташкил медиҳанд.

Муаллиф дар «Аҷоибу-л-махлуқот ва ғароибу-л-мавҷудот» оид ба 450 шаҳр, 40 баҳру кӯли калон, қалъаҳо ва осори меъмории Мовароуннаҳр, Хуросон, Форс, Шом, Ироқ ва ғайра маълумот медиҳад. Ӯ минтақаҳои Мовароуннаҳр (Хатлон, Кӯҳистон, Шумон, Суғд, Хуҷанд, Бадахшон, Чағониён ва ғайра)-ро тасвир намуда, ҳудудҳои таърихии минтақаҳои тоҷикнишини замони Салҷуқиёнро муайян кардааст. Дар «Аҷоибу-л-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот» инчунин 120 донишманду нависанда номбар шуда, минётураҳо, тасвири ҳайвонот ва харитаҳои ҷуғрофӣ оварда шудаанд. Таърихнигорон ва ҷуғрофидонҳои асрҳои 13-17 (Закариё ибни Муҳаммади Қазвинӣ, Амин Аҳмади Розӣ, Муҳаммади Дарвеши Балхӣ ва дигарон) аз «Аҷоибу-л-махлуқот ва ғароибу-л-мавҷудот» истифода бурдаанд. Нусхаҳои дастнависи «Аҷоибу-л-махлуқот ва ғароибу-л-мавҷудот» дар китобхонаҳои Россия, Олмон, Эрон, Туркия, Австрия, Фаронса ва ғайра мавҷуданд. Дар Эрон матни илмӣ-интиқодиаш ба табъ расидааст (Т., 1966). Пораҳоеро аз ин асар профессор А. П. Ковалевский ба забони русӣ тарҷума кардааст (Харков, 1956).

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]