Муҳаррики абадӣ
Муҳаррики абадӣ (лот. Perpetuum Mobile) — мошини хаёлиест, ки баъди як маротиба ба кор даровардан бе истифодаи энергияи беруна муддати дароз (абадӣ) муттассил кор карда метавонад. Чунин муҳаррики абадӣ муҳаррики абадии навъи 1 номида мешавад. Муҳаррики абадӣ ба қонуни бақо ва бадалшавии энергия муолиф аст, аз ин рӯ, сохтани он ғайри имкон мебошад.
Мошини хаёлии даври амалкунанда, ки гармии ҷисмҳои иҳотакунанда (уқёнус, давое дигар манбаъҳои табиии гармӣ, ки амалан тамомнашавандаанд)-ро гирифта, онро пурра ба кор табдил дода тавонад, Муҳаррики абадии навъи 2 номида мешавад. Вале сохтани муҳаррики абадии навъи 2 ҳам аслан имконнопазир мебошад. Кори вай зоҳиран ба қонуни бақои энергия зид набошад ҳам, вале ба қонуни дуюми термодинамика мухолиф аст. Механизмҳое, ки аз захираҳои энергияи табиӣ (энергияи Офтоб, энергияи ядро ва ғайра) дуру дароз кор карда метавонанд, бо ғояи муҳаррики абадӣ умумияте надоранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.