Муҳаррики дарунсӯз
Муҳаррики дарунсӯз — муҳаррики ҳароратиеро гӯянд, ки энергияи химиявии сӯзишвориро ба кори механикӣ табдил медиҳад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Аввалин муҳаррики дарунсӯзи газии қобили истифодаро механики франсавӣ Э. Ленуар (1860) сохтааст; ихтироъкори немис Н. Отто муҳаррики дарунсӯзи мукаммали 4-тактаро (1876) сохт. Солҳои 80 садаи XIX дар Русия О. С. Костович аввалин муҳаррики дарунсӯзи карбюратории бо бензин коркунандаро ихтироъ кард.
Соли 1897 Р. Дизел муҳаррики дарунсӯзиеро ихтироъ намуд (нигаред Дизел), ки дар он сӯзишворӣ бо таъсири ҳарорати баланди ҳавои фишурдашуда дар мегирад. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико соли 1901 аввалин трактори бо муҳаррики дарунсӯзи коркунанда ихтироъ шуд. Бародарон О. ва У. Райт (1903) аввалин самолёти муҳаррикаш дарунсӯзро сохта, дар он парвоз намуданд. Соли 1924 аз рӯи лоиҳаи Я. М. Гаккел дар Ленинград аввалин тепловоз сохта шуд. Ҳозир муҳаррики дарунсӯз дар автомобилу мотосикл, мошинҳои хоҷагии қишлоқ ва роҳсозӣ, техникаи ҳарбии худгард ва ғайра истифода мешавад.
Навъҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз рӯи навъи сӯзишворӣ муҳаррики дарунсӯзро ба муҳаррикҳои сӯзишвориаш моеъ ва муҳаррикҳои сӯзишвориаш газӣ ҷудо мекунанд. Аз рӯи тарзи бо вояи нави сӯзишворӣ пур шудани силиндр бошад, муҳаррики дарунсӯзро ба муҳаррикҳои дарунсғзӣ 4-такта ва 2-такта тақсим менамоянд. Муҳаррики дарунсӯзе, ки махлути кории он берун аз силиндр (дар карбюратор) омезонда мешавад, муҳаррики карбюраторӣ ва агар махлути корӣ дар худи силиндр биомезад, ин гуна муҳаррики дарунсӯзро д и з е л меноманд. Махлути кории муҳаррики дарунсӯзи карбюраториро бо шарораи шамъи электрӣ дармегиронанд.
Принсипи даргирифтлани махлути кори дар дизел тамоман дигар аст. Ба вояи ҳавои аз таъсири тазӣиқхӯрӣ то ҳарорати баланд тафсида махлути корӣ пошида мешавад, ки он сипас дар мегирад. Муҳаррики дарунсӯз як, ду, чор ва шашсилиндра мешавад. Сикли кории муҳаррики дарунсӯзи карбюратории 4-такта дар натиҷаи чор гашти поршен (такт), яъне бо ду гардиши пурраи зонунавард иҷро мешавад (расм). Дар вақти такти якум — даромад (А) ҳаво аз филтри ҳаво 1 гузашта, дар карбюратор 2 бо сӯзишворӣ махлути корӣ ҳосил мекунад; махлути корӣ тавассути клапан 3 ба силиндр 6 медарояд. Дар давоми такти дуюм — фишуриш (Б) махлути корӣ то 0,8—2МН /м2 (6—20 кгқ./см2) тазӣиқ ёфта, то ба 200—400° Селсия метафсад. Дар охири такти фишуриши махлути корӣ аз шарораи электрии шамъ 4 дармегирад; дар ин вақт поршен 10 ба нуқтаи фавқонӣ (н. ф.) наздик мешавад. Баъди ба нуқтаи фавқонӣ расидани поршен махлут мунтазам месӯзад. Дар охири сӯзиш фишори газҳо дар силиндр ба 3—б МН/м5 (30—60 кгқ/см2) ва ҳарорат ба 1600—2000° Селсия мерасад. Дар вақти такти сеюм (такти корӣ) — васеъшавӣ (В) поршен бо таъсири фишори газ ба поён ҳаракат карда, тавассути шатун 7 зонунавард 8-ро чарх мезанонад, яъне дар ин такт гармии аз сӯзиши махлути корӣ ҳосилшуда ба кори механикӣ табдил меёбад. Дар давоми такти чорум — баромад (Г) клапан кушода аст; поршен аз нуқтаи таҳтонӣ (н. т.) ба нуқтаи фавқонӣ ҳаракат мекунад, поршен гази сӯхтаро фишурда берун мебарорад. Ба ҳамин тариқ, дар давоми як сикли кони муҳаррики дарунсӯз зонунавард ду бор давр мезанад — ним давр аз ҳисоби таъсири газ ба поршен, якуним давр аз ҳисоби қувваи инерсиян сарчарх (маховик) 9. Дар муҳаррики дарунсӯзи 2-такта сикли кори бо ду гашти поршен ба амал меояд. Дар вақти сикли кории муҳаррики дарунсӯзи карбюраторӣ суръати чархзании навард то 3000—7000 гард/дақиқа дар томобилҳои пойга ва мотосиклҳо то 15000 гард/дақиқа расида метавонад. Махлути кории мӯътадили муҳаррики дарунсӯз бояд аз 15 ҳисса ҳаво (аз рӯи масса) ва 1 ҳисса сӯзишворӣ иборат бошад. Муҳаррики дарунсӯзи карбюратории 4-такта иқтидори то 600 килоВат (800 қоффисиенти амалӣ), муҳаррикҳои поршении авиатсионӣ иқтидори то 1100 килоВат (1500 қоэффисиенти амали)-ро инкишоф дода метавонад. Такомули минбаъдаи муҳаррикҳои дарунсӯз бо роҳи афзудани иқтидор, боэътимодӣ ва бақодории онҳо, кам кардани масса ва андозаҳои онҳо, бунёди конструксиҳои нав (масалан, муҳаррикҳои бо сӯзишвориҳои гуногуи коркунанда) ба амал оварда мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Двигатели внутреннего сгорания с воздушным охлаждением. Москва, 1971.
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.