Муҳиддин Саидов
Муҳиддин Вайсиддинович Саидов (зод. 18 феврали 1958, шаҳри Ваҳдат) — риёзидон, номзади илмҳои педагогика (2005), дотсент (2009).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1978—1983 дар факултети механика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсил намудааст. Солҳои 1981—1985 муаллими математикаи мактаби миёнаи № 63 шаҳри Душанбе, 1985—1992 ассистент, муаллими калони кафедраи физикаи эксперементалӣ, 1992—1996 муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба иқтисод, 1996—2001 муаллими калони кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, 2001—2004 муовини ректори Донишкадаи марказии такмили ихтисоси кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод, ҳамзамон мудири шуъбаи табиию риёзии Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Солҳои 2004—2009 ҳамчун директори коллеҷи омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ кор кардааст. Аз соли 2009 инҷониб дотсенти кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Муалифи як рисола, 4 дастури таълимию методӣ, 3 барномаи таълимӣ ва зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ аст. Оид ба таҳлили низоми хондани лексия ва конспектҳо ба тариқи барномавӣ дар мактабҳои олӣ кори илмӣ бурдааст. Бо нишони сарсинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2001) сарфароз карда шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асосҳои равоншиносии педагогӣ, Д., 2009;
- Санҷиши тестӣ аз фанни метаматика барои синфҳои 3. Қ. 1, 2., Д., 2007—2009;
- Педагогика бо тариқи тестӣ, Д., 2010.