Муҳоҷирҳо
Муҳоҷирин (муҳоҷирҳо) - ҷамъи мусулмононе, ки соли 622 ҳамроҳи Муҳаммад (с) шаҳри Маккаро тарк намуда ба шаҳри Ясриб сафар, яъне ҳиҷрат кардаанд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин амал бинобар, аз ҷониби ашрофи қабилаҳои араб ба иқдоми Муҳаммад (с) пайғамбар оид ба эътиқод овардан ба Оллоҳ ба назари нобоварона ва ҳатто душманона нигаристан ва аз дину худоҳои сершумори авлодию қабилавии хеш (бутпарастӣ) даст накашидани бани қурайш руй додааст. Қурайшиҳои бутпараст, ҳатто Муҳаммад (с) пайғамбар ва пайравони ӯро куштанӣ ҳам буданд. Барои ҳамин ӯ соли 622 маҷбур шуд, ки аз Макка ба шаҳри дигари арабии Ясриб сафар, яъне ҳиҷрат кунад, ки ин сафар дар таърихи дини ислом ҳамчун "ҳиҷрат"-и Муҳаммад (с) пайғамбар аз Макка ба Мадина машҳур аст. Мусулмонони Макка, минбаъд - муҳоҷир, муҳоҷирин номида мешудаанд. Муҳоҷирин ва ансорҳо такягоҳи асосии Муҳаммад (с) дар муборизаи задди бани қурайш дар солҳои Ҳиҷрат (622 - 630) буданд ва ғалаба кардаанд.[1]