Муҷассамаи «Водии Вахш»
Муҷассамаи «Водии Вахш» — дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон воқеъ гаштааст. [1]
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз давраҳои қадим бошандагони ин водӣ ба кишоварзӣ машғулияти васеъ доштанд. Гувоҳии ин нуктаҳо дар китоби «Тоҷикони»-и Бобоҷон Ғафуров дарҷ гаштааст: «Каналҳои қадимаи давраи кушониён дар хоки Тоҷикистон ҳам масалан дар водии Вахш ёфт шудаанд. Барои обёрӣ на фақат оби дарё, балки оби чашмаҳо низ, ки дар он давра бешак хеле бисёр буданд, истифода мешуданд. Масалан, дар шимоли водии Вахш заминҳо асосан аз канали дарёи Вахш об мехӯрданд, вале якчанд манзилҳо, масалан Ҳалқаҷар қарибии посёлкаи Уялӣ аз дарё хеле боло ҷой гирифта буд, ки ҳозир ба инҷо фақат ба насос об мебароранд. Дар давраи кушониён тамоми заминҳои ин манзилҳо аз оби чашмаҳои ин манзилҳо, аз оби чашмаҳои куҳӣ шодоб буданд». Майдонҳои васеъ ва корами ин диёрро ба назар гирифта, солҳои 1970-1972 аз маҷрои дарёи Вахш ба заминҳои имрӯза ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ канали обӣ барпо намуданд, ки то ҳол аз он истифода мебаранд. Ба ин хотир, соли 1972 дар баландии деҳаи Хуросон (Уялӣ) муҷассамаи «Вахшская долина» барпо карда шуд. Баландии муҷассама 6 метр ва паҳноияш 18 метрро ташкил медиҳад.[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ёдгориҳои таърихию фарҳангии ноҳияи Хуросон. 17 апрели 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 апрели 2018.
- ↑ Ёдгориҳои таърихию фарҳангии ноҳияи Хуросон. 17 апрели 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 апрели 2018.