Мӯрча

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Мӯрча
Fire ants02.jpg
Таснифоти илмӣ
Номи илмии баналмилалӣ

Formicidae Latreille, 1802

Синонимҳо
Formicariae
Ҷинси типӣ
Зероилаҳо
Геохронология

Мурча (лот. Formicidae) — як оилаи ҳашарот, ки ба қатори пардаболҳо мансуб буда, ба таври иҷтимоӣ зипндагӣ мекунад.

Морфология[вироиш]

Мурча хелҳои гуногуни морфологӣ (модина ва наринаҳои болдор, модонаи бебол — «малика», мурчаҳои коргар ва ғайра) дорад. Бадани Мурча аз cap, сина ва шикам иборат аст; пойҳояш се ҷуфт мебошанд; муйлабчаҳояш бориканд; рагдавонии болҳояш нопурра ё хеле содда; аксарашон бол надоранд. 9 (ё 10) зероила (360 ҷинс)-и Мурча, ки қариб 7000 намудро дарбар мегирад, дар мамлакатҳои тропикӣ, субтропики ва муътадили кураи Замин паҳн шудааст. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ қариб 300 намудаш аз 46 ҷинс ва дар Тоҷикистон қариб 50 на­мудаш (Мурчаи аспак, Мурчаи зард, Мурчаи маллаи бешагӣ ва ғайра) зиндагӣ меку­над.

Мурчаҳо гуруҳ-гуруҳ дар мурчахонаҳо зиндагӣ мекунанд. Дар мурчахона одатан ба ғайр аз модина ва наринаҳои болдор як ё якчанд модинаи беболи тухмгузор («малика») ва бисёр мурчаҳои беболи коргар (модинаҳои аз ҷиҳати ҷинси инкишоф наёфта), ки табиатан ва аз рӯи сохти морфологи ба якчанд гуруҳҳо тақсим мешаванд (масалан, сари баъзе хелашон бисёр калон буда, «аскар»-ҳо ном доранд), ҳаёт мегузаронанд. Нарина ва модинаҳои болдор дар мурчахона инкишоф меёбанд; дар фаслҳои гарми сол онҳо барои парвози ақд аз мурчахона мебароянд; баъди ҷуфти ҷинсӣ нарина ҳалок мешавад, модина бошад, болашро гӯм карда, ба бунёд намудани мурчахонаи нав шурӯъ мекунад. Модинаи беболи тухмгузор («мали­ка») тухм мегузорад. мурчаҳои коргар (дарозии танашон аз 0,8 то 30 мм) асосан дар мурчахонаю берун аз он кор мекунанд. мурчаҳои саркалон («аскарҳо») вазифаи посбонии мурчахо­на ва тақсими сайдро ба ҷо меоранд.

Ҳаёт[вироиш]

Ҳаёти оилаи мурчаҳо хусусан мурчаҳои дараҷаи олӣ гуногун ва мураккаб аст. Асоси мавҷудияти оиларо мубодилаи ғизо дар байни фардҳо ва муносибати ҳамдигарии маликаи тухм­гузор ва мурчаҳои коргар ташкил ме- диҳанд. Баъзан якчанд оилаи мурчаҳо колонияи дӯстона ташкил намуда, якҷоя зиндагӣ мекунанд. Онҳо ҷои зисташонро якҷоя муҳофизат мекунанд ва ба он ҷо мурчаҳои бегонаро омадан намемонанд. Ҳаёти як ҷатор мурчаҳо ба намудҳои муайяни растаниҳо вобаста аст. Масалан, баъзеи онҳо

дар сӯрохиҳои кундаи дарахтҳо ло­на месозанд, баъзеи дигарашон бошанд, моддаҳое махсусе, ки растаниҳо ҷудо мекунанд, мехӯранд. мурчаҳо барои ҳимояи худ моеъи сӯзонанда (кислотаи Мурча) ҷудо мекунанд. Хурокашон ғалладона, ҳашарот, шираи ширинчаҳо ва ғайраҳо мебошад. Аксари мурчаҳо ҳашароти фоидаоваранд. Масалан, мурчаҳои маллаи бешагӣ аз ҷинси Formisa дар биотсенози беша мақоми калон доранд; онҳо ҳайвонҳои бемӯҳраи майдаро нобуд мекунанд. Вале баъзеи онҳо (мурчаҳое, ки хурокворӣ, чӯб ва ғайраро мехӯранд) ба хоҷагии халқ зарар мерасонанд.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Жизн животных, т. 3, М., 1969.

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.