Jump to content

Набӣ Ҷумъа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Набӣ Ҷумъа
Таърихи таваллуд 6 июни соли 1951
Зодгоҳ Шаҳри Истаравшан

Набӣ Ҷумъа - Узви Конфедератсияи байналхалқии журналистон мебошад.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Набӣ Ҷумъа 6-уми июни соли 1951 аз оилаи коргар дар шаҳри Истаравшан ба дуyё омадааст. Соли 1992 Донишгоҳи хоҷагии халқи шаҳри Тошкентро хатм кардааст. Иштирокчии ду семинар ва дорандаи сертификат аст. Узви Конфедератсияи байналхалқии журналистон мебошад.

Нахустин навиштаҳояш соли 1970 дар маҷаллаи «Хорпуштак» дарҷ гардидаанд. Сипас чакидаҳои қаламаш дар рӯзнома ва ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», «Тоҷикистони советӣ», «Ҷумҳурият», «Тоҷикони Дунё», «Чархи гардун», «Оила», «Бизнес и политика», «Варзиш-Спорт», «Саломат бошед», «Корвони умед», «Мушфиқӣ», «Сухани Халқ», «Ҳамсояҳо», «Ҳақиқати Ленинобод», «Ҳақиқати Суғд», «Суғд», «Нилуфар», «Лаку Пак», «Овози Тоҷик», «Паёми Истаравшан» рӯи чопро дидаанд. Ҳикояҳои ӯ дар маҷмӯаи дастҷамъии «Дастагул», «Уқобон», маҷаллаи «Хуҷанд», маҷаллаи адабӣ-фарҳангии байналмиллалии «Марворид» ва «Армуғони адибони Истаравшан», ки ба муносибати 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб бахшида шудааст, интишор ёфтааст. Инчунин мақолаҳояш дар китоби нависандаи шодравои Раҳим Ҳайдар бо номи «Маҳбуби дилдодагон» рӯзноманигор Сайфулло Маҳкамов бо номи «Ҷонфидо» ва нависанда Неъмати Бобоҷон «Хайрхоҳ» рӯи чопро дидааст. Маҷмӯаи аввалинашро ба номи «Хурӯсқанд чанд пул?» нашриёти «Адиб» соли 2006-ум ба табъ расонид.

Баёзи адибони Истаравшан - Душанбе: "Эҷод", 2009.- 288 саҳ.