Jump to content

Оҳанг

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Наво)
"Pop Goes the Weasel" melody

Оҳанг (порсӣ: آهنگ , юн.-қад. μελῳδία  – мақом, оҳанг, наво) — силсилаи садоҳои пайдарпаи яковоза бо баландии ҳархела бо тарзу услуби муназзам ҷойгиршудае, ки асоси ягон асари мусиқиро ташкил дода, сохти пардавӣ (лад), гармония (ҳамоҳангӣ), ритм ва ҷузъҳои композитсияи мусиқиро ба ҳам меоранд. Тақтҳои оҳанг одатан ба асоси тақту задаи калимаҳои шеърӣ мувофиқ омада, воситаи асосии сохтани таркиби нағма ва навои муайян ба шумор меравад. Яъне дар мусиқии яковоза оҳанг тасвири мусиқии комилро ба ҳам меорад.

Дар мусиқии халқҳои форс-тоҷик порчаҳои навои мусиқиеро, ки дорои матн мебошанд, оҳанг меноманд. Дар мусиқии Ҳинд овозҳои мусиқӣ «оҳангит» ном доранд. Дар байни халқ оҳанг ба маънои суруд, мақом, наво низ ба кор бурда мешавад.[1]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.293. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)