Наврӯзи рӯдҳо
Зоҳир
Ҷашни Наврӯзи рӯдҳо ё Фарвардинрӯз — яке аз ойинҳои бостонӣ ва ҷашнҳои Эронӣ аст, ки тибқи суннатҳо ва оинҳои Эрони бостон номгузорӣ шудааст.
Дар ин ҷашни форсӣ, ки мусодиф бо 19-уми Исфандмоҳ мебошад, эрониён ба поксозии рудхонаҳо, корезҳо ва чашмаҳо мепардохтанд. Ин ҷашн ҳам роҳ бо пошидани атр ва гулоб ба рую атрофи рудхонаҳо ҳамроҳ аст, ки намоёнгари таваҷҷуҳи қавмҳои форсӣ ба зебоӣ васаломатии муҳити зист мебошад. Дар Наврӯзи рудҳо мардум ба канори рӯд, наҳр, ва чашмаҳо рафта баъд аз лойрӯбӣ ва поксозӣ ба рақсу пойкӯби мепардохтанд. Маводи хушбӯ, гулҳои зебо ва гулобро ба об мерехтанд. Бо ин маросим аз рӯдҳо ба хотири дуборахорӣ шудан, қадрдони менамуданд.
Абурайҳони Берунӣ дар робита ба Наврӯзи рӯдҳо менависад:
« “Рӯзи 19-уми Сипандормисро ба номи “Анҳорвамилоҳҷорӣ” ҷашн мегирифтанд. Он вақте баргузор мешуд, ки об дар рӯдхонҳо ҷорӣ мешуд. Дар ин вақт гулҳо мешукуфтанд, фазо атрафшон мешуд. Дар ин рӯз мардум ба дашт, саҳро, ҷойҳое, ки дар он ҷӯйҳо равонанд, чашмасорҳо мерафтанд ва тайи маросим, гулоб, атр дар об мерехтанд »
.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Наврӯзи рӯдҳо. Анҷумани орёбум. 10. Исфанд, 1385.
- Наврӯзирӯдҳо. Фарҳангноми Эронӣ. Исфанд, 1391.