Навъии Хабӯшонӣ
Зоҳир
Таърихи таваллуд: | 1563 |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1610 ё 1609 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Мулло Муҳаммадризо Навъии Хабӯшонӣ (1563 — 1610 ё 1609, Бурҳонпур[d]) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз оилаи савдогар (баъдтар шайхи бузург). Дар ҷавонӣ бо падараш ба Кошон сафар карда, шогирди Мавлоно Муҳташами Кошонӣ мешавад. Сипае ҳамроҳи падар Ҳиндустонро саёҳат карда, муддате дар Гуҷарот муқим мегардад. Баъди баргаштан ба ватан дар Машҳад умр ба cap бурда, пас аз вафоти падар дубора ба Ҳиндустон меравад. Охири умрашро шоир дар хидмати Мирзо Абдурраҳими Хони Хонон гузаронид. Аз Навъи Хабӯшонӣ ба ғайр аз девони ашъор «Соқинома» ва маснавии «Сӯзу гудоз» (дар бораи худро сӯзондани занони ҳинду пас аз вафоти шавҳар) боқӣ мондааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Навъии Хабӯшонӣ // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).