Назарияи автоматҳо
Назарияи автоматҳо (англ. Automata theory)) — як фасли кибернетикаи назарист, ки табдилдиҳандаҳои гуногуни ахбори мунфассил (иттилооти дискретӣ)-ро меомӯзад.
Солҳои 50 садаи XX ҳамроҳа ба талаботи лоиҳагирии компютерҳо ва зарурати тартиб додани моделҳои математики и просессҳои коркарди ахбор дар системаҳои биологӣ, иқтисодӣ ва ғайра ташаккул ёфтааст. Мафҳуми абстрактии автомат ва мафҳуми композитсияи автоматҳо мафҳумҳои асосии назарияи автоматҳо ба ҳисоб мераванд. Ин мафҳумҳо абстраксияҳои бошууронаи таҷҳизоти воқеӣ — автоматҳо мебошанд. Мафҳуми автомат имконият медиҳад, ки таҷҳизот аз нуқтаи назарӣ алгоритми кори он, яъне алгоритми коркарди ахбори ба он дохилшаванда тавсиф дода шавад. Композитсияи автоматов бошад, алгоритми кори таҷҳизотро аз рӯи сохти худи таҷҳизот тавсиф медиҳад ё худ он дар бораи аз кадом қисмҳо бо чӣ тарз таркиб ёфтани таҷҳизоти додашуда маълумот медиҳад. Назарияи автоматҳо асосан дар лоиҳакашӣ ва автоматонии лоиҳакашии таҷҳизоти мунфассил (аз ҷумла компютерҳо) амалан истифода мешавад. Ҳозир назарияи автоматҳоро дар назарияи алгоритмҳо, кибернетика, назарияи системаҳои шартӣ, назарияи барноманависӣ ва ғайра низ татбиқ, мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Трахтенброт В. А., Барзд и н Я. М., Конечные автоматы, М., 1070;
- Глушков В. М., Спится тсифровых автоматов, М., 1072.
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.