Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Назмии Истаравшанӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Назмии Истаравшанӣ
Таваллуд 1827
Даргузашт 1892
Навъи фаъолият шоир, муфтӣ, қозӣ, фақеҳ

Сайид Маҳмудхон Назмии Истаравшанӣ (форсӣ: نظمی استروشنی; 1827, Истаравшан — 1892/93, ҳамон ҷо) — шоир, мударрис, муфтӣ ва қозии форс-тоҷик, падари Зуфархон Ҷавҳарӣ ва бобои Суҳайлӣ Ҷавҳаризода.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Айёми кӯдаки ва ҷавониашро дар зодгоҳаш гузаронидааст. Дар Бухоро таҳсили илм кар­дааст. Баъд аз хатми Мадраса Назмии Истаравшанӣ дар зодгоҳаш муддате мударрис, баъдтар муфтӣ ва сипас қозӣ шудааст.

Назмии Истаравшанӣ ҳамчун шахси фозилу донишманд ва шоири хушбаёну бомаҳорат шуҳрат ёфта, сазовори эҳтироми хосу ом будааст. Аз мероси адабии Назмии Истаравшанӣ то имрӯз чанде ғазал ва абёти пароканда дар тазкираву баёзҳо боқӣ мондааст. Ғазалҳояш содда ва равону дилнишинанд. Дар зимни ғазалиёти ишқӣ Назмии Истаравшанӣ ба масъалаҳои сиёсию иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва ғайра дахл карда, нуқсонҳои ҷамъияти онрӯза, шахсони пастфитрату ҳасудро фош менамояд.

  • Назмии Истаравшанӣ // Муҳит — Плеханов. Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).