Jump to content

Назрулло Каримов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Назрулло Каримов
Таърихи таваллуд 15 сентябр 1976(1976-09-15) (48 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ҳамадонӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология[d] (2013)

Каримов Назрулло Салимович (зод. 15 сентябр 1976, Советобод, ноҳияи Ҳамадонӣ) — забоншинос, муаллими калон (2007), номзади илмҳои филология (2013).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Назрулло Каримов 15 сентябри соли 1976 дар деҳаи Советободи ноҳияи Москва ба дунё омадааст. Дар соли 2000 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи Давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Рисолаи номзадияшро таҳти унвони «Хусусиятҳои луғавию маъноии забони ғазалиёти Лоҳутӣ» соли 2013 дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 20 асару мақолаҳои илмӣ-методӣ ва оммавӣ мебошад.

  • Силлабус аз фанни алифбои ниёгон барои донишҷӯёни ихтисосҳои ғайрифилологӣ. — Душанбе: ЭР-Граф, 2010;
  • Дастури таълимии «Маҷмӯаи саволу ҷавобҳои тестӣ аз фанни алифбои ниёгон». — Душанбе: ЭР-Граф, 2010 (ҳаммуаллиф).