Найзадумҳо
Намуди зоҳирӣ
| Найзадумҳо | ||||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| | ||||||||||||
| Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
|
ХАТО: шаблони таксономӣ вуҷуд надорад {{Merostomata}}, ки бояд мавқеи систематикии таксони Merostomata-ро муайян кунад.
Қатор: Найзадумҳо |
||||||||||||
| Номи илмӣ | ||||||||||||
| Xiphosura Latreille, 1802 | ||||||||||||
| Намудҳо | ||||||||||||
| ||||||||||||
Найзадумҳо (лот. Xiphosura) — як қатори ҳайвонҳои буғумпои баҳриро гӯянд, ки аз синфи меростомаҳо буда, бештари онҳо замонҳои қадим нобуд шудаанд.
Сохти зоҳирӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бадани найзадумҳо паҳн (дарозиаш то 90 см) буда, аз ду қисм (сарсива ва шикам) иборат аст. Дар қисми сарсива 6 ҷуфт пой доштанд, ки вазифаи ҳаракат, доштан ва майда кардани хӯрокро иҷро мекарданд.
Ҳаёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Найзадумҳо ҳайвони ҷудоҷинсаи тухмгузор аст. Аз тухми онҳо кирмина пайдо мешавад.
Ҷинсҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]12 ҷинси мурдарафтаи найзадумҳо маълуманд, ки ба давраи силур мансубанд. Найзадумҳо ба 3 ҷинс ва 5 намуд тақсим мешаванд, онҳо дар уқёнуси Атлантика ва соҳилҳои ҷанубу шарқӣ ва шарқии Осиё паҳн шудаанд. Найзадумҳо дар тунукоба зиндагӣ мекунанд. Ғизояшон ҳайвонҳои бемуҳраи зериобӣ ва обсабзҳо мебошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.