Намунаи адабиёти тоҷик (Китоб)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Намунаи адабиёти тоҷик - асари Садриддин Айнӣ, ки соли 1926 таълиф шудааст.

Таърихи иншои асар[вироиш]

Пас аз Инқилоби Октябр дар Осиёи Миёна як гурӯҳ донишмандоне пайдо шуданд, ки мавҷудияти миллати тоҷик ва забону адабиёти тоҷиконро инкор мекарданд. Марди худогоҳ ва равшанфикри фидоии миллат Садриддин Айнӣ дар шароите, ки забон ва миллаташро инкор карданд ва русҳо бо ҳамкории пантуркистҳо тоҷикон, ягона зимомдорони Осиёи Марказиро аз давлатдорӣ маҳрум карданд, бо шаҳомат ва огоҳона истод ва амал кард. Китоби "Намунаи адабиёти тоҷик"- ро навишт ва дар он сесад шоирро ки бо тахаллуси Бухороӣ, Самарқандӣ, Намангонӣ, Андиҷонӣ, Тирмизӣ, Хуҷандӣ ва... аз ҳазор сол қабл дар Мовароуннаҳр зист доштанд, сабт кард. Ва бо ин бурҳони инкорнопазир мункирони поринагии забон ва миллати тоҷикро бар ҷояшон нишонд. "Намунаи адабиёти тоҷик"- ро дар соли 1926 баъд аз чоп душманон оташ заданд, аммо Айнӣ марди худогоҳ ва равшанфикри фидоии миллат, ором нанишаст ва бори дигар дар муқобили Бухарин, ки амри оташ задани китобашро дода буд, аз он дифоъ кард ва иҷозаи нашр гирифт. Дар чунон шароити боэҳтиёт чунин фидокорӣ фақат аз мардоне сохта аст, ки дар авҷи равшанфикрӣ ва огоҳӣ қарор доранд.[1]

Аҳамият[вироиш]

Айнӣ ба муқобили ин ҷараёни носолими пантуркизм бархоста, дар ин асар исбот кард, ки тоҷикон мардуми таҳҷоии ҳамин сарзамин (Мовароуннаҳру Хуросон) буда, забону фарҳанг ва адабиёти қадима доранд. Устод дар асар намунаҳои зиёде аз эҷодиёти адибони пешин ва ҳамзамононаш оварда, исбот менамояд, ки чароғи илму адабро кайҳо дар ин сарзамин устод Рудакӣ, Кисоии Марвазӣ, Абуҳафси Суғдӣ ва дигар адибон фурузон карда буданд. Ба ҳамин тариқ, дар асоси факту далелҳои эътимодбахш таърихи кӯҳан, фарҳангу адабиёти ғанӣ доштани тоҷиконро собит менамояд. Аҳамияти дигари ин асар боз дар он аст, ки барои муҳаққиқони оянда дар омӯзиши таърихи адабиёти тоҷик маслиҳатҳои муфид медиҳад, ки имрӯз ҳам «Намунаи адабиёти тоҷик» басо арзишманд аст. Ва мардуми моро дар руҳияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбият менамояд.[2] Мутаассифона унвони муҳимтарин китоби Устод Айнӣ "Намунаи адабиёти тоҷик" ҳамеша дар баргардони кириллии он барғалат омадааст ва бо чӣ иллате ин ғалатро адабиётшиносон ва забоншиносон нодида гирифтаанд - менависад доктор Шамсулҳақ Ориёфар. Ахиран ин китоб боз ҳам бо унвони ғалати "Намунаи адабиёти тоҷик" мунташир ва дар ҷамъи фарҳехтагон муаррифӣ шуд.[3]

Пайвандҳо[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Равшанфикр ё донишманди худогоҳи тоҷик(рус.). millat.tj. 25 январи 2019 санҷида шуд.
  2. Равшанфикр ё донишманди худогоҳи тоҷик(рус.). millat.tj. 25 январи 2019 санҷида шуд.
  3. Равшанфикр ё донишманди худогоҳи тоҷик(рус.). millat.tj. 25 январи 2019 санҷида шуд.

Манбаъ[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.