Садриддин Айнӣ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи


Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ
Зодрӯз 15 апрели 1878
Зодгоҳ рустои Соктаре дар Бухоро
Даргузашт 15 июли 1954, Душанбе
Пеша нависанда, Қаҳрамони Тоҷикистон

Садриддин Айнӣ (18781954) (порсӣ: صدرالدین عینی) — бунёдгузори адабиёти советии тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти АИ ҶШС Тоҷикистон (1951- 1954), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ўзбекистон. Қаҳрамони Тоҷикистон(1997).

Зиндагинома[вироиш]

5 сомонӣ бо акси С.Айнӣ
Маркаи СССР, 1958

Сардафтари адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Садриддин Саидмуродзода Айнӣ 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони Аморати Бухоро (дар ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухорои Ўзбекистон) ба дунё омадааст. Фарзандаш ховаршиноси барҷастаи Тоҷикистон Айнӣ Камол. Падараш Саидмуродхоҷа кишоварз буд, аммо чун худ соҳиби хату савод буд, кӯшиш мекард, ки фарзандонаш низ донишомӯхтаву донишманд бошанд. Аз ин рӯ , писараш Садриддинро дар шашсолагӣ ба мадрасаи рустояшон дод. Устод Айнӣ донишомӯзияшро дар он мадраса дар достони «Мактаби кӯҳна» тасвир карда ва дар «Ёддоштҳо» мегӯяд: «Чунон ки падарам дид, дар он мактаб ман саводи амиқ гирифта натавонистам ва маро ба мактаби духтарона дод». Дар мактаби духтарона Садриддин чанд ҷузъ аз Бедил ва чанд ҷузъ аз ғаалиёти Соибро хонда дар даҳсолагӣ мактабро хатм мекунад. Аммо бачагии Садриддин дар оғӯши падару модар дер давом накард. Вабое, ки соли 1889 Бухоро ва атрофи онро фаро гирифт, дар чиҳил рӯз ӯро ҳам аз падар ва ҳам аз модар ҷудо кард.

Орзую ҳаваси илму шеър Айниро дар 12-солагӣ ба Бухоро овард. Ба мадрасаҳои Бухоро дохил шудан ва дониш гирифтан барои Айнӣ барин фақирзодагони илмҷӯ хеле мушкил буд. Вале ӯ ба шарофати ҳавасмандӣ ва толиби илм буданаш тамоми душвориҳои рӯзгор ва омӯзишро паси сар карда, 16 сол дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намудааст. Айнӣ дар мадрасаҳои мири Араб, Олимҷон, Бадалбек, Ҳоҷӣ Зоҳид ва Кӯкалдош таҳсил карда, соли 1908 онро хатм мекунад.

Муддати 27 соли зиндагӣ дар Бухоро Айнӣ боз аз ду мактаби дигар гузаштааст: яке мактаби меҳнат ва дигаре мактаби ҳаёт. Барои ёфтани қути лоямуташ ӯ аз ҳеҷ кору заҳмат даст накашидааст: гоҳ фарроши мадраса, гоҳ ошпаз, гоҳ ҷомашуй, гоҳ мардикор буд. Дар мактаби ҳаёт Садриддин ҳаёти ҷамъиятро омӯхт. Аз табақаю тоифаи гуногуни одамон, муносибатҳои синфии мардум, ҷаллодони амир, задухӯрдҳои дорою нодоро дониши зиндагӣ меомӯхт. Аз соли 1896 Садриддин бо тахаллуси адабии «Айнӣ» ба навиштани шеърҳои мустақилона cар кардааст. Назари устод Айнӣ пас аз мутолиа кардани асари Аҳмади Дониш «Наводир-ул-вақоеъ» нисбат ба сохти пӯсидаи аморати Бухоро тамоман дигар гардид ва нисбат ба ин ҷамъияти фарсуда дар дили ӯ як нафрати ниҳоние пайдо шуд. Аз ин рӯ, дар ибтидои асри 20 устод эҷодиёти идеяҳои пешқадами маорифпарварон Аҳмади Дониш ва Шоҳинро давом дода, роҳи ояндаи худро муайян намуд. «Таҳзиб-ус-сибён»-ро устод Айнӣ маҳз ба хотири тарбияи наврасон дар рӯҳияи муосир соли 1909 барои шогирдони дар Бухоро мактабҳои усули нав офарид. Чунин корҳои хайр ба Амир маъқул набуд. Аз ин хотир, устодро ба зиндон мепартояд ва ӯро 75 чӯб мезананд. Пас аз 52 рӯзе, ки дар беморхона муолиҷа мекунад, Садриддин ба Самарқанд кӯчида меояд. Ӯ чи дар Самарқанд ва чи дар Тошкент дар корҳои комитети револютсионӣ иштирок карда, варақа, даъватнома ва баённомаҳои ҷангӣ менависад, тарғиботу ташвиқот мебарад. Амири Бухоро аз он ки Ҳокимияти Шуравӣ ба Айнӣ пушту паноҳ шудааст, бо тӯҳмати алоқа доштан бо муборизони зиддиаморат, бародари хурдии нависанда - Сироҷиддинро ваҳшиёна дар зиндон мекушад. «Марсия» - и ҷонгудози Айнӣ ба ҳамин муносибат навишта шудааст. Ҳирси хунхории Амир бо ин ҳам қаноат накарда, бародари калонии ӯ Мухиддинхоҷаро низ қатл менамояд. Баъди ин воқеаҳо қалами Айнӣ тезу бурро шуд ва ба ӯ муяссар гардид, ки дар мақолаю рисолаҳо, асарҳои таърихӣ ва бадеии минбаъдааш нишон диҳад, ки бо хоку замин яксон шудани тартибу низоми амирӣ таърихан қонунист. Ҳамин тавр , бо ғалабаи Инқилоби Октябр нависанда аз нав ҷавон шуд. Истеъдоди шоирию публисистӣ, насрнависию олимии устод Айнӣ ба дараҷае тараққӣ кард, ки ӯ аз 15 ҷилди куллиёташ 14 ҷилди онро дар нимаи дуюми умраш, дар чилсолагиаш эҷод намудааст.[1] Дар соҳаи илм ба ӯ дараҷаи доктори илмҳои филологӣ бахшида шуда, бо унвони академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон тақдир карда шуд. Айнӣ академики АИ ҶШС Тоҷикистон таъин гашт, ӯ нахустпрезиденти АИ ҶШС Тоҷикистон (1951—1954) мебошад. Аз соли 1958 инҷониб ҳар сол дар рӯзи таваллуди нависанда маҷлиси илмии «Солонаи Айнӣ» барпо шуда, материалҳои он дар маҷмуаи махсуси «Ҷашнномаи Айнӣ» нашр мегарданд. Бисёр деҳаву ноҳияҳо, кӯчаю хиёбонҳо, мактабҳо номи ӯро гирифтанд. Устод Садриддин Айнӣ соли 1954 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ҳоло Мақбараи Айнӣ дар як ҷои хушманзараи Душанбе зиёратгоҳи аҳли адаб аст. Он ҷоро ҳозир Боғи фароғат ва истироҳати ба номи Садриддин Айнӣ мегӯянд.

Фаъолияти омӯзгории Айнӣ[вироиш]

Фаъолияти омӯзгории Садриддин Айнӣ ҳанӯз айёми мадрасахонияш оғоз гардида, дар ду самт идома ёфтааст : 1.Таълим дар мактабҳои усули нав. 2.Таълифи китобҳои дарсӣ.

Соли 1906 дар Бухоро Абдураҳмон Саидӣ ном тотор нахустин мактаби нави тоториро таъсис дод. Азбаски дар ин мактаб чанде аз бачаҳои тоҷик низ таҳсил мекарданд, Айнӣ дарсҳои Саидиро бо забони тоҷикӣ барои талабагони тоҷикзабон тарҷума мекард. Вақте ки 8 ноябри соли 1908 дар ҳавлии Мирзо Абдувоҳиди Мунзим аввалин мактаби нави тоҷикӣ кушода мешавад, фаъолияти омӯзгории Айнӣ боз ҳам васеъ гардид. Дар мактаби М.А. Мунзим ва С. Айнӣ низ нарасидани китобҳои зарурӣ эҳсос карда мешуд. Бо мақсади бартараф намудани ин норасоӣ соли 1909 бо ташаббуси ҳар ду “Ширкати Бухорои Шариф” таъсис гардид. Ин ширкат дар навбати аввал барои саҳеҳ талаффуз кардани овозҳои нутқ, махсусан оятҳои Қуръон, китоби “Тартиб- ул-Қуръон”- ро ҳозир намуданд. Бо ташаббуси С. Айнӣ инчунин китоби дигари дарсӣ “Таҳзиб-ус-сибён” (“Тарбияи ҷавонон”) тайёр ва нашр шуд. Лозим ба ёдоварист мактабҳои усули нав аз макотиби маъмули амирӣ куллан фарқ мекарданд. Хонандагон дар мактабҳои амирӣ, ки Садриддин Айнӣ усули дарсгузарии онҳоро дар асари «Мактаби кӯҳна» тасвир кардааст, чанд соли умри худро зоеъ карда боз бесавод мемонданд. Толибони хурдсоли мактаби кӯҳна танҳо кӯр – кӯрона хондану аз ёд кардани Қуръон ва дигар китобҳои диниро меомӯхтанд. Дар макотиби усули нав бошад, толибон дар давоми чанд моҳи таҳсил хондану навиштанро аз бар мекарданд. Дар мактабҳои мазкур ғайр аз улуми динӣ боз ба бачаҳо илмҳои табиӣ ва фанҳои дақиқро низ меомӯзонданд. Ҳамаи ин боис шуд, ки муллоҳои мутаассиб зидди макотиби нав ва муаллимони онҳо балво бардоранд. Уламои дин, ки ба дарки аслии таълимоти ислом намерафтанд, муаллимони мактаби навро «кофир» ва мактабро «шайтонхона» эълон карда, аз мардум даъват менамуданд, ки фарзандони худро ба мактабҳои кофирӣ надиҳанд. Дар ҳама ҷо муассисон ва муаллимони мактабҳои навро таҳқир мекарданд таҳдид менамуданд, балои охири замон мехонданд. Махсусан Абдувоҳиди Мунзим ва Садриддин Айнӣ зери фишорҳои зиёд қарор доштанд. Аммо эшон пешаи муқаддаси омӯзгориро тарк накарданд, ҳатто лаҳзаҳое будааст, ки барои амон ёфтан аз чанги душманон либосҳои занонаро ба бар карда суйи мактаб рафтаанд. Вале 25 сентябри соли 1909, бо амри ҳукумати амирӣ, мактаби Мунзим баста шуд. Баъд аз ин таҳсили бухороиёнро дар мактабҳои усули нави тоторӣ ҳам манъ намуданд.[2]

Эҷодиёти устод[вироиш]

Эҷодиёти Айнӣ аз солҳои 90-уми асри XX шуруъ мешавад ва ӯ зуд дар радифи шоирони пешқадам қарор мегирад. Садриддин Айнӣ ба эҷоди асарҳои илмӣ ҳанӯз дар ибтидои асри XX шуруъ карда буд. Аввалин асарҳои илмии устод китобҳои дарсӣ буданд, ки барои мактабҳои навтаъсис иншо гардидаанд. Яке аз онҳо «Таҳзиб-ус-сибён» аст, ки устод аз нигоҳи нав барои толибилмони хурдсол онро иншо кард. Дар китоб дар баробари додани қоидаҳои забон ҳикояҳои хурди пандомез, ки бештари онҳо эҷоди худи муаллиф буданд, дохил гардидаанд. Асосан устод бо шеъри «Гули сурх», ки соли 1895 бо тахаллуси Айнӣ эҷод карда буд, ба остонаи адабиёт ё шеъру шоирӣ ворид гардид. Таърихи эҷоди шеъри мазкур хам аҷиб аст. Дар ин шеър устод пас аз тасвири баҳору зебоиҳои он ва ситоиши «Гули сурх» дар банди охири он аз муфлисӣ, нодорамӣ ва қашшоқии хеш дарду аламашро изҳор мекунад:

Рози дил мегуфтам ар як марҳаме медоштам,
Шикваҳо мекардам аз ғам ҳамдаме медоштам
Аз тамошои Гули сурх аз чи мемондам ҷудо
Гар ба каф чун аҳли олам дирҳаме медоштам

Устод Айнӣ пас аз Инқилоби Октябр роҳбару сарвари адибони тоҷик гашт ва худ ашъори рангин иншо кард. Аммо дар тӯли солҳо мазмуну мундариҷаи идеявии ашъори адиб комилан тағйир ёфт. Акнун ба мавзуъҳои талаботи рӯз даст зада, дар бораи инқилобу озодии мардуми заҳматкаш сухан меронад. Шеърҳои «Марши ҳуррият», «Ба шарафи Инқилоби Октябр», «Якуми май» ва ғайраҳо эҷод намуд. Инчунин дар ашъораш мавзуъҳои байналмилаллии дӯстиву рафоқати меҳнаткашони дуне меҳнати софдилонаи мардуми тоҷик мавқеи асосӣ дошт. Соли 1923 дар Тошканд маҷмуаи ашъори устод бо номи дар «Ахтари Инқилоб» аз чоп баромад. Вале устод Айнӣ эҳсос кард, ки замон дигар шуда, вазифаю масъулияти зиёде ба дӯш дорад. Дар адабиёт образҳои нав офаридан лозим. Аммо назм барои баёни чунин афкору андеша густариши ҳодисаю воқеоти рӯз тангӣ мекард. Ба ин маънӣ устод чунин ибрози назар кардааст:

Айнӣ, ба як ғазал натавон арзи ҳол кард
Бояд ба инқилоб навишт китоби сурх.

Китоби тақдирсози миллат[вироиш]

Пас аз Инқилоби Октябр як гурӯҳ донишмандоне пайдо шуданд, ки мавҷудияти миллати тоҷик ва забону адабиёти моро инкор мекарданд. Садриддини Айнӣ дар шароите, ки забон ва миллаташро инкор карданд ва русҳо бо ҳамкории пантуркистҳо тоҷикон ягона зимомдорони Осиёи Марказиро аз давлатдорӣ маҳрум карданд, бо шаҳомат ва огоҳона истод ва амал кард. Китоби "Намунаи адабиёти тоҷик"- ро навишт ва дар он сесад шоирро, ки бо тахаллуси Бухороӣ, Самарқандӣ, Намангонӣ, Андиҷонӣ, Тирмизӣ, Хуҷандӣ ва... аз ҳазор сол қабл дар Мовароуннаҳр зист доштанд, сабт кард. Ва бо ин бурҳони инкорнопазир мункирони поринагии забон ва миллати тоҷикро бар ҷояшон нишонд. "Намунаи адабиёти тоҷик"- ро дар соли 1926 баъд аз чоп душманон оташ заданд, аммо Айнӣ ба унвони марди худогоҳ ва равшанфикри фидоии миллат, ором нанишаст ва бори дигар дар муқобили Бухарин, ки амри оташ задани китобашро дода буд, аз он дифоъ кард ва иҷозаи нашр гирифт. Дар чунон шароити боэҳтиёт чунин фидокорӣ фақат аз мардонест, ки дар авҷи равшанфикрӣ ва огоҳӣ қарор доранд. Айнӣ ба муқобили ин ҷараёни носолими пантуркизм бархоста, дар ин асар исбот кард, ки тоҷикон мардуми таҳҷоии ҳамин сарзамин (Мовароуннаҳру Хуросон) буда, забону фарҳанг ва адабиёти қадима доранд. Устод дар асар намунаҳои зиёде аз эҷодиёти адибони пешин ва ҳамзамононаш оварда, исбот менамояд, ки чароғи илму адабро кайҳо дар ин сарзамин устод Рӯдакӣ, Кисоии Марвазӣ, Абуҳафси Суғдӣ ва дигар адибон фурӯзон карда буданд. Ба ҳамин тариқ, дар асоси факту далелҳои эътимодбахш таърихи кӯҳан, фарҳангу адабиёти ғанӣ доштани тоҷиконро собит менамояд. Аҳамияти дигари ин асар боз дар он аст, ки барои муҳаққиқони оянда дар омӯзиши таърихи адабиёти тоҷик маслиҳатҳои муфид медиҳад, ки имрӯз ҳам «Намунаи адабиёти тоҷик» басо арзишманд аст. Ва мардуми моро дар рӯҳияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбият менамояд.[3] Мутаассифона, унвони муҳимтарин китоби Устод Айнӣ "Намунаи адабиёти тоҷикӣ" ҳамеша дар баргардони кириллии он барғалат омадааст ва бо чӣ иллате ин ғалатро адабиётшиносон ва забоншиносон нодида гирифтаанд - менависад Доктор Шамсулҳақ Ориёфар. Ахиран ин китоб боз ҳам бо унвони ғалати "Намунаи адабиёти тоҷик" мунташир ва дар ҷамъи фарҳехтагон муаррифӣ шуд.[3]

Асарҳои таърихӣ, бадеӣ ва илмӣ[вироиш]

Баъдтар асарҳои устод Айнӣ пайдарҳам ба табъ расида, дастраси хонандагон мегарданд. Устод соли 1927 - 1929 романи «Дохунда»-ро навишта ба охир мерасонад. Романи «Ғуломон»- ро низ дар байни солҳои 1932 – 1935 навишта онро ба забони ӯзбекӣ бармегардонад. Ва онҳо дар солҳои 1934 ва 1935 чоп шуда дастраси хонандагон мегарданд. Пас аз ин Айнӣ дар бораи симоҳои барҷастаи фарҳангӣ ва адабии тоҷик ба навиштани асарҳои илмию тадқиқотӣ мепардозад Соли 1934 асари пурарзишро дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»- и ӯ ба анҷом мерасонад. Ҳамин тавр, пайдарҳам асарҳои «Шайхурраис Абуалии Сино», «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ», «Устод Рудакӣ», «Камоли Хуҷандӣ», «Алишер Навоӣ», «Зайниддин Маҳмуди Восифӣ» ва амсоли инҳоро ба табъ мерасонанд. Устод дар асарҳои хеш бисёр масъалаҳои баҳсталаб ва ҳалнашудаи ҳаёту эҷодиёти адибони дар боло ёдшударо бо далелу бурҳонҳои қотеъ ҳал менамояд. Чунончи, солҳои тӯлонӣ доир ба бисёр масъалаҳои мубрами ҳаёту фаъолияти эҷодии Абулкосим Фирдавсӣ, чи дар байни муаллифон сарчашмаҳо ва чи дар байни шарқшиносони шӯравиву хориҷӣ фикру мулоҳизаҳои мухталиф мавчуд буданд. Аксарияти онҳо ривоятҳои афсонавиро ҳамчун факту далелҳои эътимодбахш қабул намуда, ба ғалатҳо роҳ дода буданд. Аз ин чиҳат хизмати устод Айнӣ, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ба тадқиқи ҳаёту фаъолияти Фирдавсӣ ба воситаи асари офаридааш ибтидо гузошт ва роҳи ояндаи омӯзиши муҳаққиқонро муайян намуд. Ба ҳамин тариқ, устод муддати тӯлонӣ ранҷ кашида, аз нахли кӯҳан боғи зебое орост, ки имрӯз пажӯҳишгарон аз бӯйи гулҳои муаттараш баҳра мегиранд, асарҳои пурарзиш меофаранд. Худи устод ин маъниро ба тариқи зайл баён кардааст:

Ин боғ зи нахли куҳан оростаам,
В-он нахл ба теғи хона пиростаам.
Сайронгаҳе зиёда кардам ба шумо,
Ҳарчанд зи умри худ басе костаам.

Устод байни солҳои 1936 - 1940 повести «Марги судхӯр», «Ятим» , «тоҷик нимтафсили забони адабии тоҷик» «Шомили 15 ҳазор калима ҳаст», «Мактаби кӯҳна» ва боз бисёр асарҳои дигарро офарид. Садриддин Айнӣ дар давраи ҶБВ бештар асарҳои публисистӣ иншо кард. «Чингизи асри XX», «Деви ҳафтсар», «Хари бедум», «Шероз», «Талвосаи ҷонкании дарандаи захмдор», «Модар- Ватан» ва ғайра, ки дар маҷаллаю рӯзномаҳои давр ба табъ расида буданд, рӯҳияи ватандӯстӣ ва дӯстии байни халқҳоро тақвият мебахшиданд. Ҷавононро алайҳи душман – фашизм ба мубориза мехезониданд. Повести «Ятим» ба яке аз мавзуъҳои муҳимми рӯз - ватандӯстӣ, садоқат нисбат ба Ватан бахшида шудааст. Устод дар асари худ рӯзгори дардомези як ҷавони камбағал – Шодӣ Мурод (Ятим)-ро ба қалам додааст. Яке аз асарҳои барҷастаи устод, ки солҳои дароз дар болои он кор кард, «Ёддоштхо» мебошад. Ӯ пеш аз маргаш тавонист, ки ин шоҳасарашро ба анҷом расонад. Устод бо ин асараш сазовори лауриати мукофоти давлатӣ гардид. «Ёддоштҳо» аз чаҳор ҷилд иборат буда , рӯзгори як давраи томи халқи тоҷикро фаро гирифтааст, ки қаҳрамони асосии асар худи устод мебошад. Ҳодисаю воқеаҳои солҳои 80-ум то ғалабаи инкилоб, ки устод Айнӣ яке аз иштирокчиёни фаъоли он буд ,бисёр ҷозиб ва мушаххас инъикос ёфтааст. Аз ин хотир, ин асар дар адабиёти тоҷик ҳамчун асари ёддоштӣ ёд шудааст. Дар дохили «Ёддоштҳо» бисёр қисса, новелла, ҳикоя ва повестҳои алоҳида ворид гаштанд. Аз ин рӯ, «Ёддоштҳо» -ро метавон ҳамчун маҷмуи осори насрии солҳои охири устод ба қалам дод. Ҳамин тавр, устод Айнӣ асосан аз «Бадоеъ-ул-вақоеъ» -и Восифӣ илҳом гирифта, эҷодкорона аз он истифода бурда, шоҳасари бузург «Ёддоштҳо»-ро офарид, ки он ба аксарияти забонҳои дунё тарҷума шудааст. Осори бузурги Садриддин Айнӣ, ки саросар зиндагиро вақфи хидмат ба одамизодагон кард ва партаве дар ҷаҳони маърифат тофт, ки ҳаргиз фурӯ нахоҳад нишаст, дар миён тарҷума ва хоҳад буд ва ҷовидон хоҳад монд. Имрӯзҳо дар ҳама ҷо номи Айниро вомехӯрем. Дар худи шаҳри Душанбе муҷассамаи ӯ қомат афрохтааст., ба номи ӯ Театри опера ва балет инчунин кӯчаю хиёбон ва боғ гузошта шудааст. Дар вилояти Суғд ба номи ӯ ноҳия гузошта шудааст, ки як вақтҳо худи ӯ дар он чо зиндагӣ карда буд. Дар Кӯлоб низ ӯро ҳама медонад ва меҳнаташро қадр мекунанд. Яке аз калонтарин китобхонаи ш. Кӯлоб ва инчунин хиёбону кӯча ба номи Айнӣ гузошта шудааст. Устод Айнӣ таърихдон, забоншинос, луғатдон, мураббӣ ва омӯзгор, марди пуркору меҳнатдӯст буд. Ҳар гоҳ, ки шахс бо муҳаббат ба чини пешонии устод назар андозад, ба хотираш мавҷҳои дарёҳои бузург ва рӯдҳои шӯх меоянд. Он мавҷҳо ҳам васеъ, ҳам амик, ҳам мусаффо менамоянд. Он мавчҳо аз меҳнати чандинсолаи ин адиби бузург шаҳодат медиҳад. Аз ин рӯ, асарҳои эҷодкардаи устод оинаи дили халқи мо шудаанд. Онҳо орзу, умед ва муборизаҳои халқи моро инъикос мекунанд.

Ҳазорон ҳамчу булбул дар баҳоре мешавад пайдо,
Навосанҷе чу ту дар рӯзгоре кай шавад пайдо?

Бузургӣ ва қувваи эҷодиёти С.Айнӣ[вироиш]

Дар таърихи пешрафту тараққиёти маданияту адабиёти халқи тоҷик устод Айнӣ аввалин шахсест, ки бо асарҳои хеш хазинаи адабиёти халқи тоҷикро ғанӣ гардонидааст. Тавлиди адабиёти нави тоҷик ба номи ӯ сахт вобаста аст. Барои Айнӣ ҳамчун барои тамоми сухансароён ҳақиқати воқеӣ сарчашмаи асосии эҷодӣ буд. Ба фарроши дирӯзаи мадраса, ки бо як бурида нон қаноат карда, дониш андӯхтааст, моҳияти тағйиротҳои зиндагӣ на якбора равшан гардидааст. Роҳи Айнӣ ба сӯйи комёбиҳои адабиёт аз зиндони амири Бухоро мегузарад. Нависанда ба гузаштаи таърихи халқи хеш рӯ меорад, то аз қуллаҳои музаффариятҳо дигаргуниҳои бузургро равшантар бубинад. Дар солҳои гуногун паси ҳам асарҳои ӯ, ки бо ҳаёти воқеӣ сахт алоқаманд буданд, хонандагони бешумореро пайдо намудаанд. Аввалин асарҳои илмии устод китобҳои дарсӣ буданд, ки барои мактабҳои навтаъсис иншо гардиданд. Повесту романҳои нависанда: Ҷаллодони Бухоро, Одина, Ятим, Дохунда, Ғуломон, Ёддоштҳо, Ахтари Инқилоб, Таҳзиб-ус-сибён аз ҳаёти халқи азиятдида нақл мекунанд.

Нахустин шеъри инкилобие, ки дар он барномаи сиёсию иҷтимоии С. Айнӣ эълон гардидааст, ин « Марсия» - и ӯст. Ин асар ба муносибати фочиаи кушта шудани бародараш Сироҷиддин бахшида шуда буд:

Дӯстон! Фоҷиаи сахт биёмад ба сарам,
Рафт аз ин фоҷиа рӯҳ аз тану нур аз басарам.
Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,
Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!
Хоҳам он хонаи бедоду ситам вайрон бод!
Хоҳам, он маҳкамаи ҷабр мазористон бод!
Хоҳам, он тахт, ки шуд боиси бадбахтии мо,
Реза-реза шуда бо хоки сияҳ яксон бод!
Хоҳам он муфтию он қозию он шоҳу вазир,
Сарнагун гашта ба хуни худашон ғалтон бод!

Шеърҳои ба мактабу илмҷӯӣ бахшидаи Айнӣ бо забони содаю воситаҳои тасвири дилнишин гуфта шудаанд. Идеяҳои маорифпарварии ӯ дар шеърҳои "Замзамаи дабистон", "Суруди мактаб", "Саҳаргоҳон" ва ғайра боварибахш ва самимона эҷод гашта, ба фазилати мактаб, таълиму тарбия такя дорад:

Биёед эй рафикон дарс хонем,
Ба бекорию нодонӣ намонем,
Ба олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад.[3]

Мақолаҳо[вироиш]

Садриддин Айнӣ, ки ба маҳорати зиндагидонӣ ва ҳақиқатнигории Аҳмади Дониш баҳои баланд додааст, дар хусуси образи ин баққол дар “Ёддоштҳо”-яш чунин навиштааст: Ин тасвири Аҳмад Махдум ба ман он чунон таъсир кард, ки баққоли мазкур аз назарам ҳеҷ дур намерафт ва ман хостам дар зиндагӣ монанди он баққолеро ёфта тамошо кунам. Баққолонеро, ки дар раставу бозор дар ду тарафи кӯча дар дӯконҳошон нишаста молҳошонро мефурӯхтанд, дуру дароз истода тамошо кардан барои ман мумкин набуд… Охир дар рӯ ба рӯи гӯшаи ғарбии саҳни мадрасаи Кӯкалтош баққолеро ёфтам, ки аз чиҳати қиёфаи зоҳирӣ ҳам ба баққоли Аҳмади Дониш монандӣ дошт… Ман ҳар рӯз соатҳо дар гӯшаи саҳн нишаста кору кирдори он баққолро дар зери назари диққат мегирифтам ва ҳама кори ӯро мувофиқи кирдори баққоли Аҳмад Махдум меёфтам ва дар ин ҳол ба назари зиндагибин ва ба қалами ҳақиқатнигори муаллифи «Наводир-ул-вақоеъ» таҳсин бар таҳсинам меафзуд.

Дар бораи таъсири Аҳмади Дониш дар роҳи тараққиёти минбаъдаи адабиёти тоҷик ва махсусан насри бадеии он С. Айнӣ чунин гуфтааст: «Дар ҳамон вақтҳо (яъне дар вақти барои аввал хондани «Наводир-ул-вақоеъ» дар солҳои 1897 - 1898) ман орзу мекардам, ки «бояд кас насрнавис шавад ва агар ин мақсад ба даст дарояд, монанди Аҳмад Махдум насрнавис шавад, ки воқеаҳоро дар пеши хонанда бо забони сода муҷассам кунонда нишон дода тавонад… Фикри соданависӣ ҳам дар ман баъд аз шинос шуданам бо «Наводир-ул-вақоеъ» пайдо шуд, чунки забони ин китоб ба хонандагони замони ҳозира хеле душвор намояд ҳам (ва дар ҳақиқат хеле душвор ҳам ҳаст), дар он замонҳо, ки ман ба ин китоб ошно шудам, нисбат ба дигар китобҳо ва аз он чизҳо, ки иншонависони ҳамон замон менавиштанд, хеле осон буд».

Мукофоту ҷоизаҳо[вироиш]

Барои хизматҳои адабӣ ва ҷамъиятиаш Айнӣ

Соли 1978 бо қарори ЮНЕСКО 100-солагии зодрӯзи устод дар тамоми ҷаҳон қайд карда шуд.

Мероси адабӣ ва илмии устод[вироиш]

Асарҳо дар китобхонаи электронӣ[вироиш]

Адабиёт дар бораи Садриддин Айнӣ[вироиш]

Ба забони тоҷикӣ:

  • Асозода, Х. Устод Айнӣ дар шинохти С. Улуғзода. – Душанбе: Деваштич, 2001. – 112 с.
  • Аслонова, Н. Шахсияти С.Айнӣ ва коргоҳи эҷодии ӯ. –Душанбе: Деваштич, 2003. – 48 с.
  • Асозода, Х. Иловаҳо ба шарҳи ҳоли устод Айнӣ. – Душанбе: Деваштич, 2004. – 92 с.
  • Аслонова, Н. Симои С.Айнӣ дар насри муосири тоҷик. –Душанбе: Деваштич, 2006. – 135 с.
  • Аслонова, Н. Андешаҳои адабӣ-эстетикии Садриддин Айнӣ. / Зери назари Х. Асозода. – Душанбе, 2012. – 355 с.
  • Бектош, Н. С. Айнӣ ва эҷодиёти ӯ. – Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1933. – 55 с.
  • Бобоев. Ю. И. Жанри таърихӣ ва романи “Ғуломон”-и С. Айнӣ. – Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1948. – 53 с.
  • Баршинский, И.С. ҳаёт ва эҷодиёти С. Айнӣ. – Душанбе: Ирфон, 1968. – 193 с.
  • Бобоев, Ю. И. Ба муносибати 90-солагии рӯзи таваллудаш. – Душанбе: Ирфон, 1968. – 36 с.
  • Боғизода, Ҷ. Нависанда ва идеали замон. – Душанбе: Адиб, 1987. – 256 с.
  • Валихоҷаев Б., Воҳидов Р. МуҳақМуҳаққиқи бузурги ду адабиёт. / дар бораи С. Айнӣ . – Душанбе: Ирфон, 1978. – 60 с.
  • Зиндагинома ва осори С. Айнӣ. – Муҳаррир Н. Аслонов: ДМТ, Душанбе, 2013. – 188 с.
  • Исмоилов, С. Проблемаҳои иқтисодӣ дар осори А. Дониш ва С. Айнӣ. – Душанбе: 1999. – 304 с.
  • Имомов Муҳаммадюсуф Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии С. Айнӣ. – Душанбе: Матбуот, 2001.
  • Кучаро, Аламхон. Нақди матни осори С. Айнӣ: Дарси махсус барои факултаҳои филологии мактабҳои олӣ . – Душанбе, 2000. – 154 с.
  • Луғати осори С. Айнӣ : Тарт. Х. Рауфов, Х. Муҳаммадиева, И. Шукурова, М. Ҳайдарова ва диг. / Муҳар. Р. Ҳошим ва Х. Рауфов. – Душанбе: Дониш, 1978. – 236 с .
  • Маниёзов, А. Публисистика ва назми устод С. Айнӣ /1918-1921/. – Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1958. – 151 с.
  • Мукотибаи С.Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ: Эҳдо ва 125 –солагии утод С. Айнӣ . – Душанбе: Дониш, 2003. – 140 с.
  • Мактаби адабии устод С. Айнӣ: Таҳия аз Камол Айнӣ. / Муҳар. Шарифова, Б. – Душанбе: 2010. – 202 с.
  • Маҳмадаминов Абдулҳай. С. Айнӣ - олим. – Душанбе: Истеъдод, 2010. – 64 с.
  • Нозимов Барот. Воситаҳои офариниши образҳои типӣ дар повесту романҳои С.Айнӣ: Воситаи таълимӣ. – Душанбе, 1982. – 93 с.
  • Обиддинов К. Д. Садриддин Айнӣ. Ба муносибати ҷашни 30 – солагии фаъолияти иҷтимоӣ ва адабияш. – Сталинобод: Нашр- давтоҷик, 1936. – 40 с.
  • Р. Ҳошим. Садриддин Айнӣ ва инкишофи лексикаи забони адабии форс. /Муҳар. Масъул. Р.Хошим. – Душанбе: Дониш, 1978. – 46 с.
  • Раҳимҷони Шарофзода, Садриддин Айнӣ аз дидгоҳи библиографияи адабӣ [Матн]. –Душанбе,1992. – 172 с.
  • Раҳмонов Ш. Шеър ва Айнӣ: Ақидаҳои адабию бадеӣ ва эстетикии устод Айнӣ. – Душанбе: Маориф, 1994. –192 с.
  • Раҳмонов Шоҳзамон. Ақидаҳои адабӣ ва назари эстетикии устод Садриддин Айнӣ. – Душанбе, 2008. – 241 с.
  • Садриддин Айнӣ. Қаҳрамони халқи тоҷик: Повести таърихӣ барои бачагони синни калони мактабӣ /Муҳаррир Ш.Ҷумаев. – Душанбе: Ирфон,1969. – 92 с.
  • Садриддин Айнӣ бузурге аз дунёи форсизабон. / Мураттиб Н. Аслонова. – Душанбе: Шуҷоиён,2010. – 224 с.
  • Табаров, С. Романи «Ғуломон»-и Айнӣ ҳамчун романи таърихӣ. –Душанбе: Адиб, 2005. – 240 с.
  • Ҳошим, Р. Солҳо ва саҳифаҳо: Мақола ва ёддоштҳо.–Душанбе: Адиб,1988. –320 с.
  • Шукуров, М. Хусусиятҳои ғоявию бадеии «Ёддоштҳо»-и устод С. Айнӣ. – Душанбе: Дониш, 1966. – 245 с.
  • Шакурӣ Муҳаммадҷони Бухороӣ. Садриддин Айнӣ равшангари бузурги таърих. – Хуҷнд: Нури Маърифат, 2001. – 106 с.
  • Энсклопедияи насри муосири тоҷик: С. Айнӣ / Ёддоштҳо Таҳр. қисм. Иборат аз як китоб . – Душанбе: СЭМТ, 2009. – 680 с.
  • Ҷашни Айнӣ: Ҷилди IХ. – Душанбе: Дониш, 2002. – 247 с.
  • Ҷашни Айнӣ: Ҷилди Х. – Душанбе: Дониш, 2003. – 152 с.
  • Ҷашномаи Айнӣ: Ҷилди ХI. – Душанбе: Дониш, 2010. – 139 с.

Манобеъ[вироиш]

  1. Зиндагиномаи Садриддни Айнӣ
  2. Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011.
  3. 3.0 3.1 3.2 Равшанфикр ё донишманди худогоҳи тоҷик
  4. 4.0 4.1 4.2 Айнӣ С. Куллиёт.(Иборат аз 15 ҷилд). Ҷилди I
  5. Айнӣ С. Куллиёт.(Иборат аз 15 ҷилд). Ҷилди II
  6. Айнӣ С. Куллиёт.(Иборат аз 15 ҷилд). Ҷилди III
  7. Айнӣ С. Куллиёт.(Иборат аз 15 ҷилд). Ҷилди IV
  8. Айнӣ С. Таърихи инқилоби Бухоро

Нигаред[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Commons-logo.svg
Анбори Википедиа аксҳое дар бораи ин мавзӯъ дорад:
[[Commons:Category:Sadriddin Ayni|Садриддин Айнӣ]]


Emblem of Tajikistan.svg

Тоҷикистон