Наргис

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Наргис
Наргиси шоирӣ
Narcissus poeticus L.Наргиси шоирӣ
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Narcissus L. (1753)
Мутародифот
Номенклатурный тип

Наргис, абҳар, ё гули қаҳд (лот. Narcissus) — ҷинси гиёҳест пиёзакбех аз оилаи косагулҳо; гули хушбӯи навбаҳор.

Тавсифоти гиёҳшиносӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Баландиаш 20—60 см, аз 2-то 6-то барги дарози тасмашакл дорад. Дар як пояи он аз 1-то 15-то гул мешукуфад. Гулаш 6-баргаи калон (диаметраш 2—10 см), сафед ё зард, мевааш ғӯзаи сепаллаи сертухм, тухмаш мудаввар ё гӯшадори сиёҳ. Пиёзакаш байзашакл (дарозиаш 2,5—5 см, диаметраш 2 — 5 см), қаҳваранг.

Густариш[вироиш | вироиши манбаъ]

60 (аз рӯи маълумоти дигар қариб 30) намуди наргис асосан дар Аврупои Ҷанубӣ ва кишварҳои баҳри Миёназамин мерӯяд. Дар кишварҳои пасошӯравӣ (марғзори кӯҳу доманакӯҳ, бешаи кушод, ҷойҳои сернами Закарпатия) фақат 1 намуди худрӯи Наргис (N. angustifolius) месабзад, ки онро ҳамчун гиёҳи нодир ба «Китоби сурх»-и набототи нодири кишварҳои пасошӯравӣ дохил кардаанд. Дар бисёр ноҳияҳои Тоҷикистон якчанд намуди наргис (N. po6ticus — Наргисии шаҳло ё шаҳлонаргис, N pseudonarcissus, N. tazetta, N. jonquilla ва ғайра)-ро парвариш мекунанд. Дар мавзеи Сирзори нощияи Ваҳдат қариб 1 га наргисзори табиӣ — N. poSticus (пештар беш аз 5 га будааст) воқеъ аст.

Парвариш[вироиш | вироиши манбаъ]

Наргис асосан аз пиёзакаш зиёд мешавад. Барои нашъунамои хуби ҳамаи намудҳои наргис замини офтобрӯя лозим аст, вале дар ҷойҳои нимсоя ва сернам ҳам хуб месабзанд. Регхок, гилхоки серрегу пору ба сабзиши мӯътадили Наргис мусоидат мекунад, Ба хок пору ва баргҳои пӯсида андохтан лозим аст. Моҳҳои сентябр — октябр пиёзакро ба раддаҳо ба чуқурии 5 — 12 см мешинонанд, ки баъди 2—3 сол гул мекунад. Пиёзаки Наргис дар як ҷо аэ 3 то 10 сол месабзад. Агар Наргис бо усули кишти тухмӣ сабзонда шавад, баъди 6—7 сол мешукуфад. Вале хелҳои Наргиси резагул баъди 3—4 соли кишти тухмӣ гул мекунанд. Наргис дар шароити Тоҷикитон охири феврал ва аввали март мешукуфад. Айёми гулшукуфти баъзе хелҳои наргис то 20 рӯз давом мекунад.

Наргис дар фарҳанги мардумӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Наргис гули қадимист. Дар Юнони Қадим наргисро гули шаҳидон меҳисобиданд. Римиҳо бо наргиси зард ғолибони ҷангро пешвоз мегирифтанд. Дар Пруссия наргис рамзи муҳаббат ва оилаи хушбахт буд. Дар Швейтсария ҳар сол аввали моҳи май гули наргисро ид мекарданд.

Наргис дар фарҳанги тоҷикон[вироиш | вироиши манбаъ]

Гули наргис дар байни тоҷикон низ маъмул аст. Носири Хисрав гуфтааст: «…ба саҳрое расидем, ки ҳама наргис буд шукуфта, чунон ки тамомати он саҳро сапед менамуд аз бисёрии наргисҳо»[2]. Дар ин дубайтаи Тоҳири Чағонӣ латофату таровати наргис басо хуб тавсиф шудааст:

Он гуле, к-аз сок аа минои сабз
Бар сараш-бар саму зар омехта,
Нохуни ҳур аст, гӯй, гирд-гирд,
Дидаи боз аз миён-ш ангехта.

Гунаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Наргисро ба Аврупо соли 1570 бурдаанд. Вале дар бисёр кишварҳои Аврупо асосан баъди рӯёндани аввалин хелҳои боғии наргис (асри 19) маъмул шуд. Ҳоло зиёда аэ 12 ҳазор хели Наргис ба ҳисоб гирифта шудааст. Ҳамаи хелҳои Наргиси бустонӣ дар натиҷаи дурага кардани намудҳои N. albicans, N. Ы- coloe, N. cyclamineus, N. hispanicus, N. jonquilla, N. moschatus, N. nobilis, N. tazetta ва ғайра пайдо шудаанд.

Заҳрнокӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳамаи намудҳои наргис заҳрноканд. Наргис барои ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ низ заҳрнок аст. Аз наргис бештар буз, хук ва гов заҳролуд мешавад. Заҳролудии чорво баъди хӯрдани пиёзак ё баргу пояи наргис зуд зоҳир мегардад. Аломатҳои асосии заҳролудӣ қай, варами шикам, исҳол ё қабзияти меъда, тез шудани нафаскашӣ ва набз, баланд шудани ҳарорат, сустӣ ва дигарҳоанд. Чорвое, ки сахт заҳролуд шудааст, пас аз 2—3 рӯз нобуд мешавад.

Хосияти шифоӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Абӯалии Сино бо равғани гул ва марҳами бехи наргис иллату омоси асаб, дарди банд ва пешобдонро табобат мекард. Пиёзак, баргу пояи наргис то 1% алкалоид (ликорин, татсеттин, панкратин, галантамин, нарведин ва ғайра) дорад. Маълум аст, ки хлоргидрати ликорин дар амалияи тибби муосир ҳангоми илтиҳоби музмин ва шадиди шуш ва роҳи нафас чун доруи балғамовар истифода мешавад. Аз ин рӯ баъзе намудҳои наргис (мас., N. tazetta, ки дар пиёзакаш то 0,5% ликорин ҳаст) чун ашёи хом барои истеҳсоли ликорин тавсия шудааст.

Корбурд[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар баъзе давлатҳо (Фраронса, Италия) наргис (N. jonquilla, N. poSticus, N. pseudonarcissus ва ғайра)-ро барои истеҳсоли равғани эфир мепарваранд. Аэ равғани эфирӣ наргис навъҳои аълои атр тайёр мекунанд. Хушбӯии равғани эфири наргисро ҳанӯз Диоскорид таъриф карда буд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Об условности указания класса однодольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Однодольные».
  2. «Сафарнома», Душанбе, 1975, саҳифаи 17

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Воул Е. А., Нартсиссы, М., 1937;
  • Цветоводство Таджикистана, Д., 1965;
  • Артюшенко 3. Т., Амариллисовые СССР., Л., 1970;
  • Гаммермап А. Ф.!пв диг., Лекарственные растения, М., 1975;
  • Декоративные травянистые растения для открытого грунта СССР, т. 1, Л., 1977.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]