Наск
Наск | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Lens.
|
||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||||
Lens culinaris Medik., 1787 | ||||||||||||||||
Мутародифот | ||||||||||||||||
|
Наск (лот. Lens culinaris) — рустаниест маъмул. Пояаш рост ё каме хам, баландиаш 20 – 55 см.
Тавсифоти биологӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Баргаш майдаи мӯякдор, гулаш хурд, сафед, гулобӣ ва бунафши кабудча. Наск худ аз худ ва ба воситаи ҳашарот гардолуд мешавад. Ғилофакаш кӯтоҳи ромбшакл, ду-се (баъзан як) дон дорад. Донаш мудаввари барҷаста, андоза ва рангаш дар навъҳои гуногун ҳар хел мешавад. Аз рӯи ҳаҷми донаш наскро ба калондона (5,5 – 9 мм) ва майдадона (2 – 5,5 мм) тақсим мекунанд. Дони расидаи хушки наск аз 23 то 32% сафеда, то 60% оҳар, то 2,5% равған, аз 2,5 то 5% клечатка, витамини В1 ва В2 дорад.
Хосияти ғизоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Наск барои аксар мардуми Осиё манбаи асосии ғизои сафедадор аст. Ғизонокии наск баробари нон ва ҳатто гӯшт мебошад.
Хосияти шифоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Наскро аз қадимулайём чун рустании шифобахш мешиносанд ва истифода мебаранд. Сафедаи дони он аз сафедаи таркиби гӯшт бештар аст. Ғайр аз ин дар таркиби наск ба миқдори зиёд карбогидратҳо, намакҳои минералӣ, клетчатка вуҷуд доранд. Табибони Руми Бостон наскро барои муолиҷаи бемориҳои меъда ва асаб кор мефармуданд. Бо ҷӯшоби рақиқи он қабзияти шикамро табобат мекарданд; ҷӯшоби ғафси он давои дарунбанд маҳсуб мешуд. Бо ҷӯшоби наск ҳамчунин бемории санги гурда ва амрози ҷигарро даво мебахшиданд. Бино ба гуфтаи табибони халқӣ наск хусусияти поксозӣ дорад; боднок, дерҳазм аст, фишори баланди хунро паст мегардонад, боиси дидани хобҳои мушавваш мешавад. Наскро дар об ҷӯшонда бо он ғарғара кунанд, пухтани даҳон ва дарди гулӯро шифо мебахшад. Истеъмоли наск барои бемориҳои узвҳои сина, шуш, сурфа ва дарди аъзои қафаси сина даво аст. Наск – ро кӯфта бо оби карам хамир карда гузошта банданд, варами пистонро мегардонад, шири дар он шахшударо таҳлил медиҳад; агар онро бо асал хамир карда гузошта банданд, захмҳои чуқур ва фурӯрафтаро шифо мебахшад. Истеъмоли наск ба ашхоси гирифтори амрози меъда, қулинҷ, бавосир ва душвор пешобкунанда ҷоиз нест.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Леонтев В.М., Чечевина, Л., 1966;
- Қосимов Ҷ.Қ. (ва диг.), Зироатҳои Тоҷикистон, Д., 1975;
- Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.