Нахӯд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нахӯд
Гунаи умумумии рустанӣ
Гунаи умумумии рустанӣ
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Cicer arietinum
Cicer arietinum noir

Нахӯд (лот. Cicer arietinum) — гиёҳест яксола; яке аз қадимтарин рустаниҳои мазрӯъ.

Тавсифоти ботаникӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Баландиаш аз 10 то 80 см, пояаш рости сершоха, баргаш мураккаби пармонанд (дарозиаш 2,5 – 7 см) буда, аз 4 – 8 ҷуфт баргча таркиб ёфтааст; баргчааш байзашакл (дарозиаш 1 – 1,8 см), гулаш майдаи сафед, гулобӣ, бунафш ё кабуд, ғилофак (кӯсак)-аш байзашакли дарозрӯя (дарозиаш 2 – 3,5 см, бараш 1 – 1,7 см); 1 – 4 дона дорад. Моҳҳои июн – июл гул карда, июл – август дон мебандад.

Хосияти ғизоӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Нахӯд чун ғалладонаи серғизои хӯрокӣ ва барои тайёр кардани консерв, макарон, сурогати қаҳва, маҳсулоти гуногуни қаннодӣ ва ғайра истифода мешавад. Дар байни тоҷикон нахӯдбирён, нахӯдшӯрак, нахӯдшурбо, оши равон ва палави нахӯддор аз қадим маъмул аст. Нони нахӯдӣ хуштамъ ва серғизост.

Хосияти шифоӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Бино ба ақидаи табибони халқӣ аз истеъмоли нахӯд дар шикам бод пайдо мешавад. Нахӯд дарунро мулоим мегардонад, барои шуш неку аст, дар бадан хуни солим пайдо мекунад, баданро фарбеҳ месозад. Нахӯдро дар об пухта, дар он об намак андохта бинӯшанд, моддаҳои часпакро пароканда менамояд, пешобро меронад, барои дарди узвҳои сина ва шуш манфиат дорад. Агар нахӯдро дар мобайни таом бихӯранд, барои ҳазм гаштани он ёрӣ медиҳад. Бирён карда гармогарм хӯрдани нахӯд барои бавосири хунӣ давои аҷибест. Нахӯди сабзро як шаборӯз дар об тар карда, он обро бинӯшанд, варами милки дандонро мегардонад. Тибби муосир исбот кардааст, ки дар таркиби нахӯд моддаҳои ғизоӣ хеле зиёданд ва онҳо аз ҷиҳати таркиби химиявӣ ва хусусиятҳои физиологӣ ба сафедаҳои ҳайвонот наздик мебошанд. Бинобар ин, истеъмоли нахӯд барои давои камхунӣ, харобии тан ва қабзият муфид аст. Аз болои нахӯд нӯшидани оби сард сахт зиён дорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Гурӯҳ:Рустаниҳои ғизоӣ