Jump to content

Нахӯтак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нахӯтак
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Astragalus L., 1753
Мутародифот
Номенклатурный тип
Гунаҳо

Гаван (лот. Astrāgalus) — ҷинси рустаниҳои як ё бисёрсолаи алафӣ ва буттаӣ; мансуби лӯбиёиҳо.

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Барги тоқапаршакл ва гули майда дорад. 2000 намуди он асосан дар минтақаҳои хушки Нимкураи шимолӣ дучор меояд.

Дар ИҶШС-и собиқ зиёда аз 900 намудаш маълум буда, бештар дар Осиёи Миёна (тақрибан 600 наму­даш) ва Қафқоз мерӯяд. Дар Тоҷикистон 270 намуди гаван месабзад. Аз онҳо rytilobus, А. sesamoides, A. sieversianus бештар паҳн шудаанд. Дар байни рустаниҳои ҷинси гаван намудҳои доруӣ, техникӣ, хӯрокӣ ва ороишӣ хеле бисёранд. Онҳо ба миқдори зиёд сафеда, алка­лоид ва гликозид доранд. Бактерияҳои азотандӯзи решаи гаван хокро аз нитроген ғанӣ мегардонад. Пояи баъзе анвоъи гаван самғ дорад, ки он дар санъати бофандагӣ, коғаз ва ғайра истифода мешавад.