Наҷиби Ҷурфодиқонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Наҷиби Ҷурфодиқонӣ

Наҷибуддини Ҷурфодиқонӣ (форсӣ: نجیب جرفادقانی‎; ? — 1266, Ҷурфодқон, Эрон) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар аксари тазкираҳо («Рӯаи равшан»-и Сабо, «Оташкада»-и Озар, «Маҷмаъ-ул-фусаҳо»-и Ризоқулихони Ҳидоят) оид ба Наҷибуддини Ҷурфодқонӣ ҳамчун шоири баркамол ва писандида маълумот дода мешавад, вале тарчумаи ҳолаш баён нагардидааст. Давраи ҷавониаш дар Бағдод гузаштааст. Дар ҳамин ҷо ба ҳамлаи урдуҳои Чингиз дучор гардид ва дар қалъае паноҳ бурд. Ҳангоми зиндагиаш дар Ирок ба мадҳи ҳукмронони он кишвар қасидаҳо гуфта­аст. Баъдтар Наҷибуддини Ҷурфодқонӣ ба Исфаҳон омад ва ба хидмати ҳокимони салҷуқӣ даромад. Наҷибуддини Ҷурфоқдонӣ ҳамасри Муҷируддини Байлақонй буда, пас аз Камолуддини Исфаҳонӣ дуюмнн шоири барҷастаи қасидаcapo, яке аз беҳтарин шуарои сабки ироқӣ мебошад. Девони Наҷибуддини Ҷурфодқонӣ, ки дорои 40000 байт аст, то замони мо маҳфуз мондааст. Инчунин бо номи «Башар ва Ҳинд» маснавие дорад, ки дар Бағдод сурудааст. Бадеиёти касидаҳои Наҷибуддини Ҷурфоқонӣ баланд, забонашон фасеҳу равон аст.

Дар яке аз қасидаҳояш чунин гуф­тааст:

Зи рӯи ин чамани обгун ва даст омад

Ҳазор лолаи серобу наргиси махмур.

Ба расми шӯъбадабозӣ фалак бурун овард,

Зи зери ҳуққаҳои хуршед мӯҳраҳои булӯр…

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Наҷибуддини Ҷурфодқонӣ // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).