Jump to content

Наҷмиддин Раҳимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Наҷмиддин Раҳимов
Таърихи таваллуд 19 феврал 1926(1926-02-19)
Зодгоҳ Хуҷанд
Таърихи даргузашт 1994(1994)
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1960)

Наҷмиддин Раҳимов (19 феврали 1926, Хуҷанд) — ҳунарпешаи театр ва овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1960).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Маълумоти махсуси касбӣ надорад, солҳои 1938—1968 дар Комбинати шоҳибофии Хуҷанд кор кардааст, вале аз суруду мусиқӣ лаҳзае дил накандааст. Соли 1956 дар Фестивали байналмилалии эҷодиёти халқ дар Маскав соҳиби диплом гардидааст. Иштирокдори фаъоли азназаргузарониҳои вилоятию ҷумҳуриявии ҳаваскорони санъат буд. Хусусан сурудҳои классикиро бо авҷашон иҷро менамуд. «Дугоҳ», «Танаввор», «Ироқи Бухоро», «Ушшоқи Содирхон», «Ушшоқи Самарқанд», «Савти ушшоқ», «Ороми ҷон» барин сурудҳо бо садои дилкашаш дар дилҳо нишастаанд.

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.