Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» (барқарорсозӣ)
Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» — яке аз силсиланеругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш мебошад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» дар доираи бунёди силсиланеругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш соли 1962 муваққатан ба кор дароварда шуда, соли 1966 пурра ба истифода дода шуд. Дар давоми фаъолияти тӯлонии худ неругоҳи мазкур 50 миллиард киловат соат қувваи барқ истеҳсол кардааст. Иқтидори лоиҳавии ин иншооти муҳими гидроэнергетикии мамлакат 240 мегаваттро ташкил медиҳад. Аммо он дар натиҷаи фаъолияти тӯлонӣ иқтидори мавҷудаи худро аз даст дода, ҳамагӣ бо тавоноии 160 мегават фаъолият дорад.
Лоиҳаи барқарорсозии неругоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ҷалби сармояи байналмилалӣ лоиҳа оид ба “Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии "Сарбанд" бо иқтидори 240 мегаватт” ба имзо расид, ки маблағи лоиҳаи мазкур 136 миллион доллари амрикоӣ буда, он аз ду марҳала иборат мебошад ва амалишавии лоиҳа 3 сол ба нақша гирифта шудааст.
Мутобиқи қисми якуми лоиҳа, ба анҷом расондани таҷдиду азнавсозии гидроагрегатҳои рақамҳои 1, 2, 5, таъмири асосии гидроагрегатҳои рақамҳои 3,6, таҷдиду азнавсозии дарғотҳои обпарто, таъмири механизмҳои борбардор, системаи ҳавои фишоршудаи неругоҳ, системаи сӯхторхомӯшкунӣ, иваз намудани автотрансформаторҳои қудратии рақамҳои 2 ва 3, сохтани бинои нави маркази идоракунии неругоҳ, иваз намудани таҷҳизот дар устохонаҳои механикию электрикӣ, соҳилмустаҳкамкунии дарё ва канали пайвасткунанда дар назар аст.
Дар қисмати дуюми лоиҳа бошад, таҷдиди зеристгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220 ва 110 киловолта, таҷдиду азнавсозии зеристгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 35 ва 6 киловолта амалӣ хоҳад шуд. Аз ҷумла, соли 2004 бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон як адад автотрансформатори нави сефаза бо тавоноии 250 мегаватт бо маблағи 17 миллиону 700 ҳазор сомонӣ иваз карда шуд. Инчунин, дар доираи таҷдиди неругоҳ сохта ба истифода додани хати барқи 220 киловолта байни Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ва НБО-и “Сангтӯда-2” ва иваз кардани 64 адад ҳисобкунаки электронии истеҳсоли Шветсия сурат гирифт. Мувофиқи барномаи ЛОТ-2 бо ҷалби сармояи хориҷӣ таҷдиди гидроагрегати рақами 4-и Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ҳанӯз соли 2012 ба анҷом расонда шуда, айни ҳол дар ҳолати хуби корӣ қарор дорад ва бо тарзи компютерӣ идора мегардад.
Ҷиҳати анҷоми ин тадбир 13 миллиону 951 359 доллари амрикоӣ сарф гардид. Дар Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» 160 нафар бо кор таъмин буда, он ба таври муътадил фаъолият мекунад.[1]