Jump to content

Нерӯи дарёӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Нерӯи дарёӣ (форсӣ: نیروی دریایی‎) — шохае аз нерӯҳои мусаллаҳ аст, ки барои анҷоми маъмуриятҳои роҳкунишӣ ва амалиётӣ дар саҳнаҳои амалиёти низомии дарёӣ ва уқёнусӣ ба кор меравад[1][2][3][4].

Нерӯи дарёӣ дар замони кунунӣ тавони ҳамлаи ҳастаӣ ба ҳадафҳои заминии муҳими душман, нобудии нерӯҳои новгони он дар дарёву пойгоҳҳои дарёӣ, бар ҳам задану аз миён бурдани таробарии дарёиву уқёнусӣ, тасаллут бар манотиқи дарёӣ ва уқёнусӣ ва ёрирасонӣ ба нерӯҳои заминӣ дар иҷрои амалиёт дар саҳнаҳои амалиёти низомии қорраӣ, дифоъ аз таробарии дарёиву уқёнусии нерӯҳои худӣ ва пиёда кардани нерӯҳои дарёии таҳоҷумиро дорад.

Нерӯи дарёӣ маъмуриятҳои худро ҳам бо анҷоми амалиёт ба сурати мустақил ва ҳам бо талоши муштарак бо дигар шохаҳои нерӯҳои мусаллаҳ анҷом медиҳад.

Нерӯи дарёӣ чунин вижагиҳои барҷастаро дорост[1]:

  • таҳарруки боло;
  • худгардонии бисёр;
  • тавоноии анҷоми амалиёт дар ҳар минтақае аз уқёнусҳои ҷаҳон;
  • омодагии размии собит ва поёии размии болои нерӯҳои зердарёӣ ва новгурӯҳҳои ҳавопаймобари он.

Нерӯҳои дарёӣ дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дорои тавони мушакии ҳастаии бузурге ҳастанд[1].

Сохтори нерӯи дарёӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нерӯи дарёӣ аз назари созмонӣ аз ягонҳои бузург, роҳкунишӣ, бахшҳо, омӯзишгоҳҳои дарёнавардӣ ва дигар ниҳодҳо таркиб меёбад. Сохтори нерӯҳои дарёӣ монанд ба сохтори нерӯи заминӣ аст ва ягонҳои зеринро дар бар мегирад:

  • новбахш — ягоне пояӣ ва роҳкунишӣ дар нерӯи дарёӣ, ки новҳои ҳамгуни радаҳои дувум, севум ва чаҳорумро дар бар мегирад;
  • ҳанг — ягоне роҳкунишӣ дар нерӯҳои ҳавопаймоии дарёӣ, туфангдорони дарёӣ, падофанди соҳилӣ;
  • новгунд — дастае аз новгон, ки якчанд киштиву новчаро дар бар мегирад
  • новдаста — гунае созмондеҳии роҳкунишӣ ё амалиётӣ дар нерӯи дарёӣ, ки зербахши новгурӯҳ аст ва ду ё чанд новро дар бар мегирад

Ягони пояӣ дар сохтории нерӯи дарёӣ пойгоҳ аст, ки он маконест дарёӣ, ки омоду пуштибонии умуру амалиёти ягонҳои шиноварро бар уҳда дорад[5].


  1. 1.0 1.1 1.2 Коллектив авторов. статья «Военно-Морской Флот» // Военная энциклопедия / Под ред. П.В. Грачёв. — М.: Воениздат, 1994. — Т. 2. — С. 169—176. — 544 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-00299-1.
  2. Коллектив авторов. статья «Военно-Морской Флот» // Советская военная энциклопедия / Под ред. Огарков Н. В.. — М.: Воениздат, 1978. — Т. 2. — С. 235—242. — 654 с. — 105 000 экз.
  3. Коллектив авторов. статья «Военно-Морской Флот» // Военный энциклопедический словарь / Под ред. Горкина А. П.. — М.: Большая Российская Энциклопедия, 2001. — Т. 1. — С. 315—317. — 848 с. — 5 000 экз. — ISBN 5-85270-219-6.
  4. Коллектив авторов. статья «Военно-Морской Флот» // «Военно-морской словарь» / Чернавин В. Н.. — М.: Воениздат, 1989. — С. 82. — 511 с. — 100 000 экз. — ISBN 5-203-00174-X.
  5. Коллектив авторов. статья «Военно-морская база» // «Военно-морской словарь» / Чернавин В. Н.. — М.: Воениздат, 1989. — С. 82. — 511 с. — 100 000 экз. — ISBN 5-203-00174-X.