Нешзании тухм
Нешзанӣ, нешзании тухм, рушди тухм — раванди аз ҳолати оромӣ ба фаъолияти пуршиддати ҳаётӣ гузаштани тухм, ки дар натиҷаи он чунин сабзида, навниҳол ташаккул меёбад; марҳалаи ибтидоии онтогенези рустанӣ мебошад.
Раванд
[вироиш | вироиши манбаъ]Нешзанӣ фақат ҳангоми будани миқдори кофии намӣ, оксиген, ҳарорати муайяни гармӣ ва баъзан режими муайяни рӯшноӣ ба амал меояд. Нешзанӣ бо афзоиши мубодилаи моддаҳо дар ҷанин ва эндосперма тавсиф мешавад. Ҳангоми ба тухм расидани об он варам карда, ферментҳояш фаъол гашта, ҷараёни таодили моддаҳои захиравӣ (оҳар, равған, сафедаҳо) ва асосан таҷзияи онҳо ба қанд, кислотаҳои равған, аминокислотаҳо шиддат меёбад.
Ин бошад, тухмро бо энергия ва моддаҳои пластикӣ таъмин менамояд. Баъди варам кардани тухм ҷанини он неш мезанад. Одатан, аввал реша месабзад, ки он пӯсти тухмро сӯрох карда мебарояд. Сипас дар баъзе рустаниҳо гипокотил (ин дам тухмпалла ва сармуғча ба рӯи хок мебарояд) ва дар рустаниҳои дигар эпикотил (тухмпалла дар зери хок мемонад ва ба рӯи хок фақат сармугғча мебарояд) нумӯ мекунад. Эҳтиёти тухм ба об ҳангоми нешзанӣ ба таркиби химиявӣ ва ғайра ҳолати физиологии тухм вобаста аст. Ҳангоми нарасидани оксиген, масалан, муддати дароз дар об нигоҳ доштан ё сафолак бастани хок дар тухм спирти этил, кислотаи шир, аммиак ва дигар моддаҳои барои ҷанин зарарнок ҳосил мешаванд.
Таъсири ҳарорат
[вироиш | вироиши манбаъ]Таъсири ҳарорат ба нешзании тухм на танҳо ба намии он ва шиддатёбии мубодилаи моддаҳо, балки ба тағйири таносуби танзимкунандаи рушди рустаниҳо низ вобаста аст. Масалан, ҳангоми гарм кардани чигит ё чормагзи заминӣ (арахис), ки нав ғундошта шудааст, миқдори ингибиторҳои рушди он кам ва нешзании тухм тез мешавад. Барои тезонидани нешзании тухми бисёр рустаниҳои дигар, баръакс, таъсири ҳарорати пасти гармӣ (ниг. Стратификатсияи тухмӣ), ки дар натиҷаи он миқдори гиббереллинҳо ва ғайраҳо ангезаи рушди рустаниҳо меафзояд, зарур аст.
Равшанӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Барои нешзании тухми баъзе рустаниҳо ғайр аз намӣ, оксиген ва ҳарорати мусоид, равшании спектри муайян низ зарур аст. Масалан, нури сурх нешзании тухми коҳу, санавбар, шилхаро меангезад, нури инфрасурх бошад, баръакс, онро бозмедорад. Ҳатто барои нешзании тухми як рустанӣ, ки аз як хӯша гирифта шудааст, шароитҳои гуногуни муҳит зарур аст. Тухми баъзе рустаниҳо бо вуҷуди дар шароити мусоид буданашон намесабзанд. Сабаби насабзидани тухм ин аст, ки онҳо ё аз ҳолати оромӣ набаромадаанд ё пӯсти сахти онҳо оксиген ва обро ба ҷанин намегузаронад.
Нешзании тухм баробари ба ғизогирии автотрофӣ гузаштани навниҳол ба итмом мерасад. Пас, муҳайё кардани шароити мусоид барои нешзании тухм, яъне беҳтар гардонидани қобилияти сабзиши тухмӣ яке аз шартҳои ҳосили баланд мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.