Jump to content

Нигина Рауфовна Мирганова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нигина Рауфовна Мирганова
Таърихи таваллуд 12 ноябр 1970(1970-11-12) (53 сол)

Нигина Рауфовна Мирганова (тав. 12. 11. 1970, шаҳри Душанбе) — забоншинос, номзади илмҳои педагогӣ (2007).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1987—1992 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил намуда, онро бо дипломи аъло хатм кардааст. Солҳои 1993—2004 муаллими забон ва адабиёти рус дар мактаби миёнаи № 34-и шаҳри Душанбе буд. Аз соли 2004 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба ҳайси муаллими калони кафедраи забони русии умумидонишгоҳӣ кор мекунад. Солҳои 2008—2009 вазифаи мудири кафедраи забони русии умумидонишгоҳиро ба уҳда дошт. Инчунин аз соли 2009 то ба имрӯз дар вазифаи мудири шуъбаи аспирантураи донишгоҳ фаъолият мебарад. Муаллифи зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад, ки масъалаҳои низоми маълумоти олӣ, низоми кредитии таҳсилот ва методикаи омӯзишу таълими забони русиро фарогиранд. Бо ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз карда шудааст. Ас.: Грамматика русского языка (учебное пособие), Д., 2009; Методическое пособие по русскому языку для студентов с таджикским языком обучения, Д., 2010; Кризис в высшем образовании преодолим // Вестник. ТГНУ, Д., № 8, 2005; Социально- педагогические проблемы развития системы высшего образования в годы независимости // Наука и жизнь, Д., 2007; Теоретико-методологические предпосылки развития системы высшего образования Республики Таджикистан // Русский язык и литература в школах Таджикистана, Д., № 4, 2007.