Низомиддин Зоҳидов
Низомиддин Зоҳидов | |
|---|---|
| | |
| Таърихи таваллуд | 8 июни 1957 (69 сол) |
| Зодгоҳ | |
| Кишвар | |
| Ҷойҳои кор | |
| Алма-матер | |
| Ҷоизаҳо | |
Низомиддин Зоҳидов (8 июни соли 1957, ноҳияи Конибодом) — шарқшинос, доктори илмҳои филологӣ (2004), профессор (2005) сафир.[1] Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004). Сафири фавқулъода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон[2][3][4].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Факултаи шарқшиносии ДДТ ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1979). Фаъолияти кориаш ба сифати тарҷумони забони арабӣ дар шаҳри Бағдоди Ҷумҳурии Ироқ оғоз гардидааст (1979—1981). Соли 1981 дар Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти АИ ҶШС Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард. Муҳаққиқ-коромузи шуъбаи ленинградии Пажуҳишгоҳи шарқшиносии АИ ИҶШС (1983—1984), аспиранти АИ ҶШС Тоҷикистон (1984—1987), корманди илмӣ (1988—1990), котиби илмии ҳамин Пажуҳишгоҳ (1990—1992), сарвари шуъбаи тадқиқоти филологии Маркази илмии Хуҷандии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон (1992—1997), ҷонишини директор (1998—1999), директори Маркази пажуҳиши тамаддуни давраи Сомониёни ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров (1999—2000), ноибректор оид ба корҳои тарбия (2000—2001), ноибректор оид ба корҳои илм (с.2001-2010), ректори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров (2010). Собиқ муовини вазири ВКХ ҶТ.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар таҳқиқу баррасии масъалаҳои адабиёти арабизабони халқҳои эрони, равобити Арабу Аҷам ва таъриху фарҳанги аҳди Сомониён беш аз 100 мақола ва шаш рисолаи илмӣ таълиф кардааст, ки қисме аз онҳо дар Русия, Эрон ва кишварҳои дигар ба чоп расидаанд. Ӯ дар рисолаҳои хеш ва силсилаи мақолаҳояш офаридаҳои адибону шоирони арабизабони эронинажоди карнҳои нахусти исломро мавриди баррасӣ қарор дода, як қисми таркибии адабиёти форсу тоҷик будани онро ба субут расонидааст. Иштироккунандаи конфронс ва ҳамоишҳои илмӣ дар Ленинград (1984), Теҳрон (1997,2005), Токио (2002), Маскав (2004), Коҳира (2006), Олматӣ (2006). Барои китоби «Сомониён дар оинаи таърих» (бо хаммуаллиф) соҳиби Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ (1999) ва китоби «Насри арабизабони адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои VIII—IX» соҳиби Ҷоизаи ба номи Аълохон Афсаҳзод (2005) гардидааст.
== Фаъолияти сафирӣ ==
Низомиддин Зоҳидӣ аз соли 2015 то соли 2019 муовини аваали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар соли 2019 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ӯро сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таъин кард. Дар ин мансаб Зоҳидӣ дар беҳбудии муносибатҳои Тоҷикистону Эрон саҳми муҳим гузошта, бо роҳбарони китобхона ва архиви миллии эрон (NLAI) мулоқотҳо анҷом додааст. Дар соли 2025 ӯ аз тавъзеъи китоби «Шоҳнома» дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ карда, пешниҳодҳои ҳамкорӣ дар соҳаи табодули адабиёт ва таҳқиқотро пешниҳод намудааст.[5][6]
Ӯ инчунин дар рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистону Эрон фаъол буда, бо раисони палатаҳои тиҷоратии Хуросони Разавӣ мулоқотҳо доштааст. Дар соли 2024 ӯ аз нашри китоби «Китобхонаи дипломатии ECO, оинаи ҳамоҳангии байни миллатҳои ECO» тамҷид кардааст[7].
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арабоязычный период персидско-таджикской литературы VIII—IЧ вв. — Душанбе: Дониш, 1993;[8]
- Адабиёти арабизабони форсу тоҷик аз истилои араб то аҳди Сомониён. — Хуҷанд: Ношир, 1999;[9]
- Давраи арабизабони дар адабиёти форсии садаҳои 2-3 ҳиҷрии қамарӣ. — Теҳрон, 1380;
- Насри арабизабони форсу тоҷик дар асрҳои VIII—IX. — Хуҷанд: Нури маърифат, 2004 ва ғайра.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ДДХ. Тависфномаи омӯзгорон.
- ↑ Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 июни соли 2025 | Хабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus(тоҷ.). asiaplus.news. 29 ноябри 2025 санҷида шуд.
- ↑ Низомиддин Зоҳидӣ-сафири нави Тоҷикистон дар Эрон - СССР - Мо метавонем!. www.cccp.tj. 29 ноябри 2025 санҷида шуд.
- ↑ Tajikistan’s ambassador to the Islamic Republic of Iran replaced | Tajikistan News ASIA-Plus(англ.). asiaplus.news. 29 ноябри 2025 санҷида шуд.
- ↑ Iran, Tajikistan on the way to deepen relations. en.irna.ir (Jun 2, 2019, 2:21 PM).
- ↑ NLAI chairman appreciates distribution of “Shahnameh” in Tajikistan(англ.). Tehran Times (29 August 2025). 29 ноябри 2025 санҷида шуд.
- ↑ Tajikistan and Iran discuss developing trade cooperation. akipress.com. 29 ноябри 2025 санҷида шуд.
- ↑ Zoḣidov, Nizomiddin (1993). Арабоязычный период персидско-таджикской литературы, VIII-IХ века (in русӣ). Donish.
- ↑ Руҷӯе ба ҳаёти пур аз ифтихор ва шарафи Низомиддин Зоҳидӣ. hgu.tj. 29 ноябри 2025 санҷида шуд.